Ғалабаи бузурги “Реал Мадрид” дар сафар

“Алавес” дар бозии даври 20-уми Ла Лигаи Испания бо “Реал Мадрид” бозӣ кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Мендисорроса”-и Витория баргузор шуда, бо пирӯзии калони меҳмонон бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.

Дар дақиқаи 15-ум, баъди партофти Лука Модрич аз зарбаи кунҷӣ Каземиро зарбаи худро ба кунҷи дарвоза равона карду ҳисобро кушод. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввал бо голҳои Карим Бензема ва Эден Азар ҳисоб 0:3 ба фоидаи Мадридиҳо гардид. Мизбонон дар дақиқаи 60-ум бо кӯмаки Хоселу як голро ба самар расониданд. Дар дақиқаи 70-ум ҳамлагари “Реал Мадрид” Карим Бензема аз як имконияти дигар истифода намуда, дубл кард ва “Реал” соҳиби се имтиёз шуд.

“Реал Мадрид” пас аз ин ғалаба бо 40 имтиёз дар зинаи 2-юм қарор дорад, “Алавес” бошад, бо 18 хол дар мақоми 17-ум аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ