Баъди ҷанги ҷаҳонии дувум дар Нидерландия бори аввал соати коменданӣ ҷорӣ мешавад


Аз рӯзи шанбе дар Нидерландия соати комендантӣ ҷорӣ мегардад. Баъди ҷанги ҷаҳонии дувум нахустин бор чунин режим дар ин кишвар ҷорӣ мешавад.
Бино ба хабари Евронюз, шабона аз соати 21.00 то соати 05.00-и субҳ кӯчагардӣ дар Нидерландия манъ мешавад. Шаҳрвандоне, ки дар ин соатҳо кор мекунанд, бояд иҷозатномаи махсус бигиранд. Ҳамчунин, сайру гашт бо сагҳо мумкин аст.
Дар порлумон ин иқдом боиси баҳсҳо шуд. Чун, дар ҳафтаҳои охир вазъи эпидемиологӣ дар Нидерландия беҳтар мешавад. Аммо, бо вуҷуди ин, намояндагон қарор карданд, ки барои пешгирии паҳншавии штамми нави коронавирус ба режими комендантӣ рӯ оваранд.
Дар ҳоли ҳозир низ дар кишвар карантини қатъӣ дар амал аст.
То ба ҳол дар Нидерландия беш аз 930 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори қурбониён беш аз 13 ҳазор нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ