Номи ширкатҳои “Шавкат Миромонович Мирзиёев” ва “Ҷо Байден”-ро дигар карданд


Рӯзҳои охир дар Ӯзбекистон ду ширкат ба далели номи ғайриодӣ машҳур шуданд. Яке аз онҳо ширкатҳои “Шавкат Миромонович Мирзиёев” ва дувумӣ “Ҷо Байден” ном дошт.
Бино ба хабари агентии хидматҳои давлатӣ, масъулон бо тадбиркорон қонун ва қоидаи номгузории ширкатҳоро тавзеҳ доданд. Дар натиҷа, онҳо номи ширкатҳои худро иваз карданд.
Ба ширкати “Шавкат Миромонович Мирзиёев” номи Toshkent Chilonzor Trade доданд. Ширкати “Ҷо Байден” низ номи нав гирифт – White Eagle 070.
Бар асоси қонуни “Дар бораи номгузории ширкатҳо”, тадбиркор барои номи комиле ё ихтисори онро ба ширкат гузоштан бояд иҷозат гирифта бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ