Нахустин ҷарроҳии пайванди китфу дастон дар ҷаҳон


Дар шаҳри Лиони Фаронса нахустин бор дар ҷаҳон ҷарроҳии пайванди ду даст бо китфонаш баргузор шуд. Шифокорон рӯзи ҷумъа навори ин ҷарроҳиро, ки рӯзи 13 январ амалӣ шуд, мунташир карданд.
Бино ба хабари Евронюз, ин ҷарроҳӣ 15 соат идома ёфт. Дар ҷараёни ҷарроҳӣ чор гурӯҳи шифокорон иштирок карданд.
Бемор сокини 48-солаи Исландия – Феликс Гретарсон мебошад. Ӯ 2 сол пеш дар натиҷаи барқзанӣ аз ҳар ду дасташ маҳрум шуда буд. Гретарсон то ҳол даҳҳо ҷарроҳиро паси сар кард. Соли 2013 шифокорони Лион аризаи ӯро дар бораи пайванди китфу даст қабул карданд ва ӯ ба ин шаҳр омад. Аммо барои ёфтани донор низ чанд соли дигар рафт.
Ба гуфтаи шифокорон, мард баъди ҷарроҳӣ худро хуб эҳсос мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ