Роналду нахост, ки чеҳраи бахши сайёҳии Арабистони Саъудӣ бошад


Ба Криштиану Роналду, футболбози машҳури ҷаҳон, ҳуҷумгари “Ювентус”-и Италия пешниҳод карданд, ки чеҳраи бахши соҳаи сайёҳии Арабистони Саъудӣ шавад. Дар ин бора The Telegraph хабар дод.
Намояндагони Арабистони Саъудӣ омода буданд, ки барои иштироки Роналду дар як рекламаи тарғиботӣ ба ӯ 6 миллион евро пардохт кунанд. Ба Роналду танҳо кифоя буд, ки ба Арабистони Саъудӣ сафар кунад.
Вале, Роналду ин пешниҳодро қабул накард.
Ёдовар мешавем, музди солонаи Роналду дар “Ювентус” 31 миллион евро аст. Соли ҷорӣ ӯ дар 20 бозӣ 20 бор гол зад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ