Хорхе Алмирон идомадиҳандаи насли мураббиёни аргентинӣ дар Ла Лига

Мураббии собиқи “Ланус”, “Индепендент” ва “Атлетико Насионал” тобистони гузашта сармураббии “Элче” гардид. Зери роҳбарии ӯ “Элче” баъди бозгашташ ба Ла Лига дастаи рақобатпазир гардидааст.

Мавсими 90-уми Ла Лига ҷараён дорад. Ба давлатҳои кам муайяссар шудааст, ки ба мисли Аргентина дар футболи испанӣ нақши худро гузоранд. Бисёре аз мураббиёни аргентинӣ ба мисли Эленио Эррера, Сезар Луис Менотти, Эктор Купер ва Марсело Биелса дастаҳои испаниро роҳбарӣ намуданд.

Хорхе Алмирон пайрави мураббиёни қаблии аргентинӣ аст. Мутахассиси 49-сола аз Буэнос-А́йрес қабл аз оғози мавсими 2020/21 “Элче”-ро ба дӯш гирифт. Бо ҳамроҳии Симеоне аз “Атлетико Мадрид” ва Мануел Пеллегрини аз “Реал Бетис”, Алмирон сеюмин намояндаи Амрикои Ҷанубӣ дар мавсими ҷории Ла Лига аст. Алмирон дар миёни 20 мураббии лига ягона нафаре аст, ки қаблан таҷрибаи фаъолият дар футболи Испанияро надошт, аммо ӯ бидуни ҳарос ва бо дониши дар Амрикои Лотинӣ соҳиб шуда, ба “Элче” омад. Баъди таваллуд дар пойтахти Аргентина, Алмирон дар сини 20 солагиаш барои идомаи карйераи худ ҳамчун ҳимоятгар ватанашро тарк кард. Баъди ҳунарнамоии на он қадар тӯлонӣ дар “Сантиаго Уондерерс”-и Чили, ӯ солҳои зиёдеро дар дастаҳои мексикоӣ ба мисли “Атлас”, “Морелиа” ва “Керетаро” гузаронид. Соли 2008 ӯ мураббии “Дорадос” шуд, ки оғози фаъолияти бомуваффақияти мураббигиаш буд. Дар якчанд дастаҳои мексикоӣ Алмирон таҷриба гирифта, соли 2016 дар “Ланус” ба муваффақиятҳои назаррас расид. Алмирон тавонист, ки қаҳрамони Примера, Копа Бисентенарио ва Суперҷоми Аргентина гардад. “Ланус” баъди пирӯзӣ бар “Ривер Плейт” ва “Сан Лоренсо”, дар финали Копа Либертадорес бо ҳисоби умумии 3:1 мағлуб шуд. Баъдан натиҷаҳои Алмирон гуногун буданд, аммо ӯ ҳангоми фаъолият дар “Атлетико Насионал” (Колумбия), “Сан Лоренсо” (Аргентина) ва “Ал Шабоб” (Арабистони Саудӣ) таҷрибаи ғанӣ гирифт. Алмирон дар клубҳои бисёр кишварҳо мураббигӣ кардааст, аз ин рӯ, бо таҷрибаи бой ба “Элче” омад. Дониши қаблии ба даст овардааш барои “Элче”-ро ба дастаи рақобатпазири Ла Лига табдил додан, кӯмак хоҳад кард. Тавре ки ӯ дар муаррифии худ гуфт: “Роҳҳои рақобат бисёранд. Ин дастаест, ки навакак роҳхат гирифтааст. Таърих мегӯяд, ки мо ба поёни ҷадвал наздиктарем, аз ин рӯ ба мо бозигароне лозиманд, ки барои ғалаба худро фидо кунанд. Мо мехоҳем, ки хуб бозӣ кунем, аммо муҳим он аст, ки бозигарон меҳнатдӯст бошанд “. “Элче” айни ҳол дар зинаҳои поёнӣ аст, аммо ғалаба дар дербӣ бар “Валенсия” (2:1) нишон дод, ки онҳо таслим намешаванд ва ба зинаҳои болоӣ таалуқ доранд . Онҳоро нодида нагиред, зеро Алмирон дар қисмати дуюми мавсим бозии дастаро пурқувват хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ