Ҳукумати Фаронса ба ҷорӣ кардани карантини савум омодагӣ мебинад


Ҳукумати Фаронса мехоҳад савумин карантинро дар кишвар ҷорӣ кунад. Дар ин бора рӯзномаи Le Journal du Dimanche рӯзи 24 январ навишт.
Бино ба маълумоти рӯзнома, қарор дар бораи карантини нав ба далели пандемияи коронавирус ба зудӣ қабул мешавад. Танҳо муҳлат ва шартҳои он баррасӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки ин карантин дар поёни ҳафтаи нав оғоз хоҳад шуд ва тақрибан 3 ҳафта идома хоҳад ёфт. Паҳншавии штамми африқоии коронавирус ҳамчун сабаби ин қарор нишон дода шудааст.
Ёдовар мешавем, дар ҳоли ҳозир дар Фаронса беш аз 3,093 миллион нафар мубталои коронавирус гардидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ