Голи аввалини Артур ба “Ювентус” пирӯзӣ овард

Дидори “Ювентус” – “Болония” аввалин бозии даври 19-уми Серия А дар рӯзи якшанбе буд.
Новобаста аз оне ки дар дақиқаҳои аввал мубориза баробар мегузашт, қаҳрамони феълии Италия голи тезкорро зад. Артур аз масофаи дур ба дарвоза зарба зад, ки дарвозабон онро баргардонида натавонист ва ҳисоб 1:0 шуд. Ин голи нахустини бразилӣ дар тими “Ювентус” ба ҳисоб меравад.
Дар миёнаи нимаи аввали бозӣ, Бернардески имконияти афзун кардани бартарии дастаи худро дошт, аммо Скорупски зарбаи ӯро баргардонид. Пас аз танаффус, меҳмонон бозиро фаъолтар шурӯъ карданд. Дар тӯли даҳ дақиқа, «Болония» якчанд имконияти хуб фароҳам овард, аммо Шесний дар сатҳи олӣ ҳунарнамоӣ кард. Дар дақиқаи 71-ум, Маккенни пас аз зарбаи кунҷӣ бо сар тӯбро ба кунҷи дарвоза равон кард ва натиҷаро 2:0 намуд. Пас аз задани голи дуюм, “Ювентус” оромтар гардид ва бозӣ бо ҳисоби 2:0 хатм шуд.
“Ювентус” бо 36 имтиёз ба ҷои чорум баромад, аммо дар сурати се хол гирифтани “Наполи” онҳо ин мавқеъро аз даст медиҳанд.

«Ювентус» – «Болония» 2:0

Голҳо: Артур, 15, Маккени, 71.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ