Роҳбари феълии Португалия дар интихоботи раисҷумҳурӣ пешқадам аст


Рӯзи якшанбе дар Португалия интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти муқаддимотӣ, Марселу Ребелу ди Соуза, раисҷумҳури феълии кишвар ҳоло дар интихобот пешқадам аст.
Бар асоси хабари ТАСС, ди Соуза то ҳол 62,54 дарсад овоз дарёфт кардааст. Андре Вентура, роҳбари ҳизби “Chega” 11,87 дарсад овоз гирифтааст.
То ҳол 95,89 дарсади овозҳоро шумурдаанд.
Интихоботи раисҷумҳурии Португалия бо вуҷуди паҳншавии коронавирус дар кишвар баргузор шуд. Як рӯз пеш аз интихобот дар Португалия шумори рекордии сирояти коронавирус ва марги беморон сабт шуд. Бо вуҷуди ин, ҳукумат қарор кард, ки интихобро баргузор кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ