Бонувон баъди шифоёбӣ аз COVID-19 ҳадди ақал 3 моҳ аз ҳомиладорӣ парҳез кунанд


Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Русия, бонувони ҳомиладор нисбат ба дигарон дар назди коронавирус оҷизтаранд, яъне эҳтимоли сирояти вирус ба онҳо бештар аст.
Бино ба хабари “МИР 24”, мутахассисони рус баъди таҳлили дақиқи омори (статистика) сирояти коронавирус чунин хулоса карданд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳомиладорон бемориро мисли дигарон аз сар мегузаронанд.
Бонувоне, ки баъди мубталошавӣ ба коронавирус шифо ёфтаанд, бояд ҳадди ақал аз ҳомиладор шудан парҳез кунанд. Дар ин муддат хатари рушди бемориҳои “нохонда” коҳиш меёбад. Ҳамчунин, дар ин муддат доруҳое, ки ҳангоми муолиҷаи коронавирус хӯрдаанд, баданро тарк мекунад.
Бар асоси омор, бемории COVID-19 гоҳо ба ҳомиладороне, ки синнашон аз 35 боло аст ва вазни зиёдӣ доранд, ё аз бемории қанд, фишори хуни шарёнӣ (артериальная гипертензия) ранҷ мекашанд, хатарнок аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ