Дар Нидерландия бар зидди режими соати комендантӣ дар кӯчаҳо бетартибӣ мекунанд


Дар Нидерландия гурӯҳҳое, ки режими соати комендантиро намехоҳанд, дар кӯчаҳо бетартибӣ мекунанд. Дар ин бора “МИР 24” хабар дод.
Эътирозгарон бо кормандони пулис муноқиша мекунанд. Кормандони пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар тӯпӣ об ва дубинка истифода мебаранд. Мардум баъди пароканда шудан бетартибиҳоро оғоз карданд. Онҳо мағозаҳоро ғорат карданд, партовҳоро оташ заданд ва дар кӯчаҳо монеъаҳо сохтанд.
Ёдовар мешавем, аз миёни моҳи декабр Нидерландия карантин ҷорӣ шуд. Дар саросари кишвар тақрибан ҳама гунаи фаъолиятҳо таътил шуданд. Таҳсил ба сурати “онлайн” идома дорад.
Ҳамчунин, аз 23 январ ҳукумати Нидерландия режими соати комендантӣ ҷорӣ кард. Дар муҳлати ин режим аз соати 21.00-и шаб то соати 05.00-и субҳ ба кӯча танҳо бо сабабҳои ҷиддӣ рафтан мумкин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ