Дар Кобул автомобили сафорати Италияро тарконданд


Дар Кобул мошини зиреҳпӯши сафорати Италия таркид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News хабар дод.
Дар ин ҳодиса 1 нафар захмӣ шуд. Гуфта мешавад, ки шахсони номаълум ба автомобили сафорати Италия бомби дастӣ гузоштаанд.
Ин автомобили зиреҳпӯш барои ҳамлу нақли кормандони маҳаллии сафорат истифода мешуд.
То ҳол ягон гурӯҳе масъулияти ин амали террористиро ба ӯҳда нагирифтааст.
Бино ба маълумоти Tolo News, дар 100 рӯзи охир дар соҳаи амниятии Кобул 177 ҳодисаи террористӣ амалӣ шудааст. Дар натиҷа 177 нафар кушта ва 360 нафар захмӣ шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ