Расонаҳои хабарӣ: Низо дар сарҳади Ҳиндустони Чин боиси захмӣ шудани 20 сарбози чинӣ шуд


Дар натиҷаи низо дар сарҳади Ҳиндустон ва Чин беш аз 20 нафар сарбоз захмӣ шуданд. Низо баъди мудохилаи афсарон қатъ шуд.
Бино ба хабари Кун.уз ба нақл аз India Today, 4 нафар аз захмишудагон сарбозони ҳинд ва тақрибан 20 нафар сарбози Чин мебошанд.
Аммо, рӯзномаи Global Times ин маълумотро рад кард. Қувваҳои мусаллаҳи Ҳиндустон низ захмӣ шудани сарбозони худро тасдиқ накардааст.
Ёдовар мешавем, низоҳои марзӣ дар миёни Чин ва Ҳиндустон дар баҳори соли гузашта оғоз гардид. Тарафҳо то ба имрӯз ҳамдигарро ба фитнаангезӣ ва нақзи сарҳад айбдор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ