Клуби «Атлетико» таклифи дар Ӯзбекистон кушодани академияи футболро дод


Намояндагони Ӯзбекистон бо сарварии ҷонишини Сарвазир, раиси Кумитаи давлатии ривоҷи сайёҳии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов дар давоми сафари хизматӣ ба шаҳри Мадрид бо роҳбарият ва мутасаддиёни клуби футболи «Атлетико Мадрид» вохӯрда, доир ба ҳамкорӣ музокираҳо гирифта бурданд. Дар ин бора хизмати ахбори кумита хабар дод. Намояндагони Ӯзбекистон ба ҷониби Испания оид ба футболи Ӯзбекистон, лоиҳаҳои оиди ривоҷи футбол бурдаистода ҳарф заданд. Вакилони «Атлетико» дар навбати худ дар бораи фаъолияти академияи футболи дар хориҷа кушодашудаи клуб маълумот доданд. Дар поёни вохӯрӣ вакилони клуби «Атлетико» таклифи дар Ӯзбекистон ташкил кардани академияи футболро доданд.
Ҳоло «Атлетико» баъди навбати 19-и Ла Лига бо 47 хол дар ҷойи ҷадвали бозиҳо дар ҷойи 1-ум меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ