Дар тадқиқотҳои байналхалқии “PIRLS-2021” аз Самарқанд чандто мактаб иштирок мекунад?

Дар мактаби таълими умумии рақами 51-и ноҳияи Ҷомбой бо мақсади афзунсозии саводнокии таълимии омӯзгорон доир ба омодагӣ ба тадқиқотҳои байналхалқии “PIRLS-2021” дар мавзӯи “Таҷрибаи кор бо дафтарҳои машқ дар асоси саволҳои PIRLS” семинари амалӣ гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли ҷорӣ 20 мактаби таълими умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар тадқиқотҳои байналхалқии “PIRLS-2021”, яъне дар дастуре, ки саводнокии таълимии донишомӯзонро месанҷад, иштирок мекунанд.
Дар ин санҷишҳои бонуфуз хонанда-ҷавонони қариб 70 мамлакати ҷаҳон иштирок мекунанд. Хонандагони ӯзбекистонӣ дар ин санҷишҳо бори аввал иштирок карда, дониш ва маҳорати худро нишон медиҳанд. Ҳамзамон, аҳамияти ислоҳоти муҳимеро, ки дар соҳаи таълиму тарбия амалӣ мегарданд, дар амал нишон медиҳанд.
Санҷишҳо бевосита аз тарафи гурӯҳи коршиносони хориҷӣ гузаронида мешавад. Ба он аз байни 20 мактабе, ки иштирок мекунанд, хонандагони синфи чоруми мактаби дилхоҳ ҷалб карда мешавад. Натиҷаҳои хонандагони мактабҳои кишваамон якҷоя бо натиҷаҳои донишомӯзони кишварҳои хориҷие, ки дар санҷишҳо иштирок мекунанд, таҳлил карда мешаванд.
Дар семинар мутахассисон диққати худро ба омодагии дуруст ба ин раванди муҳим, аниқ кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳал кардани онҳо равона карданд.
Тавассути дарсҳои кушод маҳорати касбии устодони соҳибихтисос мушоҳида гардида, байни худ малака ва таҷриба иваз намуданд.
Хизмати матбуоти Садорати таълими халқи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ