Муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатӣ: Вазифаҳои устувори соли 2021

Лоиҳаи Барномаи давлатии солро дар платформаи jamoatchilik.uz-­и Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» ба муҳокимаи васеи ҷамоатчигӣ тақдим карда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои шаҳрвандонро меомӯзанд. Албатта, ин ҷараён барои халқӣ шудани Барномаи давлатӣ, ҳалли масъ­алаҳои муҳим дар ҷойҳо аҳамияти муҳим дорад.
Пеш аз ташаккули лоиҳаи Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» барои соли 2021 ҳам таклифҳои ҷамеа ва аҳолӣ омӯхта шуданд. Аз ҷумла, ба воситаи платформа аз шаҳрвандон, ҳамдиёроне, ки дар хориҷа истиқомат мекунанд ва аз ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ беш аз 2000 пешниҳод ва тавсияҳо қабул гардид.
Лоиҳаи Барномаи давлатӣ, ки дар ҳамин асос таҳия карда шуд, ҳамагӣ аз 276-то банд иборат аст. Аз онҳо:
– 19 банд дар бораи такмили сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
– 17 банд дар бораи таъмини устувории қонун ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон;
– 113 банд дар бораи ривоҷдиҳии иқтисодиёт;
– 96 банд дар бораи ривоҷдиҳии соҳаи иҷтимоӣ;
– 31 банд вазифаҳоро дар самти таъмини бехавфӣ, дӯстии байни миллатҳо ва фарохдилии динӣ, амалӣ кардани сиёсати хориҷаро дар бар мегирад.
Инчунин, ба лоиҳаи Барномаи давлатӣ вазифаҳои муҳиме, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис зикр шуд, дохил гардиданд.
Ба самти устувори якум такмил додани фаъолияти давлат, инчунин, органҳои идораи зинаи поинӣ ва миёна, маҳаллии иҷро ва намояндагӣ, пурзӯр кардани назорати ҷамоатчигӣ аз рӯйи хароҷоти органҳои давлатӣ, нақшу аҳамияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, фаъолии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самарадории фаъолияти онҳо дохил гардидаанд. Барои ин таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-­ҳуқуқии қонун ва зерқонунҳо дар муддатҳои дахлдор пешбинӣ мешаванд;
Дар самти устувори дуюм такмил додани фаъолияти идоракунандагони суд, ташкил кардани марказҳои хизматрасонии ҳуқуқӣ, такмил додани сохтори мубориза бар зидди порахӯрӣ, ҷорӣ кардани сохтори «Маҳаллаи обод ва бехавф», маҷбур кардани миқдори ҷазоҳои маъмурӣ бар асоси хавфнокии ҳуқуқшиканиҳои маъмурӣ пешбинӣ шудаанд;
Дар самти устувори саввУм таъмин кардани барқарории нарху наво (дар доираи таргеткунии инфлятсиявӣ), такмили қоидаҳои барқарорсозии буҷетӣ, дар облигатсияҳои байналмилалии суверен зиёд кардани ҳиссаи асъори миллӣ аз 25 фоизи имрӯза ҳадди ақал ба 40 фоиз, таъмини шаффофияти сохтори буҷет, такмили маъмуриятчигии андоз, ривоҷдиҳии бозори асъори байнибонкӣ, ҷорӣ кардани назорат ва ҳисоби автоматикии гази табиӣ ва қувваи барқ, барпо кардани сохтори мониторинг барои баҳодиҳии рейтингии ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-­иқтисодии минтақаҳо, таҳияи лоиҳаи Кодекси тадбиркорӣ, васеъ кардани ҳаҷми хизматҳои нақлиётӣ, ривоҷдиҳии сайёҳии зиёративу дохилӣ ва таҳияи Стратегияи ихтисори камбағалӣ то соли 2030 ба нақша гирифта шудаанд.
Дар самти устувори чорУм ташкили Хазинаи ҷамоатии дастгирии бачаҳо ва «Минтақаҳои саноат ва соҳибкории ҷавонон», амалӣ кардани барномаи сохтмони хонаҳои ҷавонон дар солҳои 2021–2023, ташкил кардани Ассотсиатсияи донишҷӯёни Ӯзбекистон, бунёди платформаи электронии омӯзиши бепули забонҳо, мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ, боло бурдани фаъолии иҷтимоӣ-­сиёсии зан ва духтарон, амалӣ кардани чораҳои пайваста дастгирии ҳартарафаи нурониҳо ва барпо кардани хонаву ҷойҳои арзон, ривоҷдиҳии маданият, санъат ва спорт, ба 65 фоиз расондани фарогирии бачаҳо ба таълими томактабӣ, ҷорӣ кардани шабакаи ягонаи «Таълими электронӣ», беҳтар кардани сифат ва натиҷаҳои таълими бефосилаи фанни физика ва забонҳои хориҷӣ, ҳадди ақал 25 фоиз зиёд кардани қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси грантҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани гранти Президент барои 200 нафар ҷавоне, ки холи баландтаринро гирифтаанд;
Дар самти устувори панҷум вазифаҳое чун боло бурдани салоҳияти Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳияи лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳолатҳои фавқулодда», васеъ кардани ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ), васеъ кардани майдони мавзеъҳои табиие, ки муҳофиза карда мешаванд ва ривоҷдиҳии экотуризм, таҳияи сиёсати давлатии дарозмуддати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи нармтар кардани оқибатҳои тағйироти иқлим, муайян кардани Рӯзи дӯстии халқҳо, фаъолона пеш бурдани дипломатияи иқтисодӣ дар сиёсати хориҷаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, дастгирии ҳаматарафаи ҳамватанонамоне, ки дар хориҷа истиқомат мекунанд, мустаҳкам кардани робитаҳои ҳамсоягии наздик бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон муайян гардидаанд.
Дар jamoatchilik.uz муҳокимаҳо давом доранд. То 25-уми январи соли 2021 аз рӯйи лоиҳа беш аз 600 пешниҳод дода шуд. Аз рӯйи самти саввум бештарин (беш аз 210 то) аз рӯйи самти панҷум камтарин (21-то) пешниҳод фиристодаанд.
Шумо ҳам ба сифати шаҳрванди ба тараққиёти мамлакат дахлдор фикру таклифҳои худ барои ривоҷдиҳии Ӯзбекистон дар соли 2021 иштирок кунед.

Дилнур АЪЗАМОВ,
сармутахассиси шӯъбаи вилоятии Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ