Бар зидди зараррасонҳои боғу токзор бояд чӣ тавр мубориза бурд?

Шудгори байни қаторҳо, нарм кардани атрофи танаи дарахт ва бехи буттаи ток, додани нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мутобиқат бо тавсияҳои агрономӣ, яхобмонӣ, ҷамъ ва сӯзонидани баргҳои ба замин рехта, ҳамчунин меваҳои пӯсида ва мӯмиёшуда, охири тирамоҳ ё дар давраи зимистон сурат мегирад. Тоза намудани пӯстлохҳои нобудшуда, бартараф намудани бехҷастаҳои наздирешагӣ, буридани шоху навдаҳои хушкшуда ва сахт зарардида сафед кардани тана ва таҳкурсии асосии навдаҳо бо маҳлули 20-фоизаи оҳак (2 кг оҳак ва 500 гр лой дар 10 литр) яке аз роҳҳои истифодаи саривақтии усули агротехникӣ дар давраи зимистонгузаронӣ бар зиди зараррасонҳо дар майдони боғу токзор мебошад. Ин амалҳо пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳоро маҳдуд намуда, ҳолати фитосанитарии онҳоро беҳтар менамояд.
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ҳалли бехатарии озуқаворӣ ва бо кор таъмин намудани мардуми деҳот мавқеи намоёнро ишғол мекунад.
Дарахтони мевадиҳанда ва токзор дар таркиби худ организмҳои зараррасон доранд. Дар муддати дуру дарози давраи нашъунамои дарахтони мевадиҳанда ва токзор, ба миқдори кофӣ мавҷуд будани фаровонии гармӣ, равшанӣ ва дигар омилҳо барои инкишофи шумораи зиёди зараррасонҳо ва касалиҳо шароити мусоид пайдо мешавад. Бинобар ҳамин, гузаронидани корҳо барои рушди минбаъдаи боғдорӣ ва токпарварӣ ба масъалаи муҳофизати растанӣ диққати махсус дода шавад.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили ҳолати фитосанитарии боғу токзори ҷумҳурӣ аз тарафи олимону мутахассисони соҳа нишон дод, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста аз иқлими ҳудуд дар дарахтони мевадиҳанда ва токзор намуди гуногуни зараррасону касалиҳо паҳн гаштаанд. Зараррасонҳои аз ҳама бештар паҳнгашта тортанакканаҳо, ширинчаҳо, сипарболакҳо, асалаки нок, кирмаки себ, кирмаки дӯлонахӯрак, куяи себ, заргинаки сиёҳ, зардолухӯраки почағафс, гамбӯсаки хартумчадори зардолу, кирмаки хӯшаи ангур ва кирминаи ордноки ангур мебошанд.
Ҳангоми нагузаронидани чораҳои саривақтии пешгирӣ онҳо дар масоҳати зиёд зуд паҳн гашта, ба ҳосили меваю ангур зарари зиёд оварда, сифати маҳсулотро паст мегардонанд.
Чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳои боғу токзор асосан дар 2 давра гузаронида мешаванд. Аввал- дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор, ҳангоми пурра дар оромӣ будани дарахтони мевадиҳанда ва буттаи токзор бар зидди зимистонгузаронии зарараррасонҳо ва дуюм-­дар давраи нашъунамои онҳо, ҳангоми пайдо ва паҳншавии ин зараррасонҳо.
Зараррасону барангезандаи касалиҳои боғу токзор дар зери хоку кулӯхҳо, боқимондаҳои растанӣ, таги дарахтону буттаи ток, пӯстлоху тарқишҳои онҳо ҷойгир шуда, зимистонро мегузаронанд. Дар давраи дуру дарози (сентябр-­март) зимистонгузаронии зараррасонҳои боғу токзор мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа, аз ҳисоби таъсири микроорганизмҳо, патогенҳо, иқлими минтақа ва маҳал, хусусан аз сардии ҳавою бориши зиёд аз 12 то 40 фоиз зараррасонҳо нобуд мешаванд, ки ин албатта, кифоя нест.
Бинобар ҳамин, хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасонҳои зимистонгузарон чораҳои пешгирикунандаи механикӣ, агротехникӣ ва кимиёвӣ мегузаронанд.
Инчунин, яке аз усулҳои самарабахш- ин усули кимиёвӣ мебошад. Ин усул дар системаи муҳофизати интегратсионии растаниҳо дар баробари дигар усулҳои мубориза бар зидди организмҳои зараррасони зироати кишоварзӣ ва тарзи асосии ҳифзи растаниҳо усули самара­овар аст.
Бартариятҳои усули кимиёвӣ: зудтаъсир, камхарҷ, дастрас, самаранокии баланд ва истифодаи он ба таври одӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки тибқи қоида, барои муҳофизати кимиёвии растаниҳо бояд заҳрхимикатҳое истифода шаванд, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа иҷозат дода шудаанд. Шахсоне, ки барои кор бо пеститсидҳо ҷалб карда мешаванд, бояд ҳатман аз санҷиши тиббӣ гузаранд ва барои ҳифзи саломатии худ либоси махсуси муҳофизатӣ дошта бошанд. Инчунин, ноболиғони аз 18-сола хурд, занҳои ҳомила ва дорои кӯдаки ширмак ба ин корҳо роҳ дода намешаванд. Давомнокии рӯзи корӣ бо пеститсидҳо 6 соат муқаррар шудааст.

Садорати «Ўзагроинспексия»-и
вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ