Бо умеди мутолиаи китоби «Самарқанд-­ул-­вақоеъ»…

Китобҳое, ки маҷмӯи мақола, мактуб ё ки хотираҳои шахсе гирд оварда шудаанд, кам нестанд, вале арзиши онҳо, мазмуну мундариҷаашон, бо факту рақамҳояш муайян карда мешавад. Вақте китоби «Мӯъҷизаи мӯъҷизаҳо» («Мӯъжизаларнинг мӯъжизаси»)-и Нӯъмон Маҳмудовро, ки дар он масъалаҳои бо таърихи Самарқанд ва ҳаёти иҷтимоиву мадании он вобаста, робитаҳои илмиву адабии Шарқ ва Ғарб баррасӣ шудаанд, инчунин сухан дар бораи шахсиятҳои бузурги Ватани мо ва одамони наҷиби шаҳри куҳан меравад, мутолиа менамоед, гӯё худро дар олами мӯъҷизаҳо ҳис мекунед. Агар муаллиф дар мақолаҳои «Тӯронзаминнинг икки даҳоси» (Айнӣ ва Беҳбудӣ), «Мавлоно Румий ва Гегел триадаси», «И гений слагает строку» (Саади и европейская литература) ва «Ман муриде зи муридони туам» (Гёте ва Ҳофиз) роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ин нобиғаҳо, заҳматҳои онҳо дар роҳи тарғиботи ғояҳои маърифат, даъвати онҳо ба омӯхтани забонҳо фикру мулоҳизаҳои ҷолиби диққатро баён карда бошад, дар мақолаҳои «Садриддин Айний уй-­музейи бошига шамшир», «Салоҳиятли Салоҳийлар», «Великий исследователь Востока» (Бартольд), «Слово об отважном сыне Самарканда» (Н. Яъқубов) ва «Марди шариф» (Р. Маъруфӣ) дар бораи олимон ва кормандони давлативу ҳизбии маъруфе ҳикоя мекунад, ки бо фаъолият ва хислатҳои наҷиби худ намунаи ибрат шудаанд. Инҳо гуфтаҳои одӣ дар бораи тарҷимаи ҳол ё ки санаҳои таърихӣ нестанд. Балки онҳо сатрҳои самимии аксаран бе ҳеҷ ғаразу манфиате ва бо далелу бурҳон навишта мебошанд. Хонанда ин ҳикояҳоро хонда, аз паҳлӯҳои нави фаъолият ва хислатҳои то ҳол ноаёни онҳо огоҳ мешавад.
Дар мақолаи «Унвонпарастлик» масъалае ба миён гузошта шудааст, ки шояд аз оғози ба роҳ монда шудани таълими умумӣ ва асоси илмҳо реша давонда, имрӯз бо паҳлӯҳои ношоями нави худ ба пешрафти илму маърифат, умуман ҷомеа садд мешавад. Гап дар сари гирифтани маълумоти миёна, олӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмиву сазовори унвонҳо шуданд, хулоса, чунин рафторҳои ашхосе, ки бо тамоми роҳ аз равандҳои мазкур ба манфиати шахсии худ, истифода мебаранд, меравад. Чунин рафторҳои ношоям аз даври пайдо шудани худ то ҳол бо ҳар гуна роҳ ғизо гирифта, чунон бақувват шудаанд, ки агар тамоми ҷомеа бар зидди онҳо мубориза барад, шояд онҳо несту нобуд шаванд.
Бояд гуфт, ки муаллиф мақолаҳоро ба се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ навиштааст ва айнан ба ҳамин забонҳо ба маҷмӯа дохил кардааст. Китобҳои «зуллисонайн» дар таърихи халқҳои ӯзбеку тоҷик чизи нав нестанд, вале чопи китобҳо ба се ва ҳатто чор забон кори неке аст, ки амалан ба гуфтаҳои бузургоне, чун Беҳбудӣ дар бораи омӯхтану донистани забонҳо риоя шудааст. Чунин иқдоми некро давом диҳем, дар робитаи байни халқҳо ва посдории дӯстӣ байни онҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Дар маҷмӯа инчунин шеърҳои мувашшаҳ, мактуб ва шеъри ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба модари худ навиштаи муаллиф низ дохил карда шудаанд, ки бори дигар аз табъи латифи эҷодии Н. Маҳмудов дарак медиҳанд.
Вақте аз маҷмӯа порчаҳои китоби «Самарқанд-­ул-­вақоеъ»-ро мутолиа мекунед, баробари мамнунӣ аз он, ки эҷодкорон навиштани осори бадеиро дар ин самт ҳоло низ давом медиҳанд, таассуф мехӯред, ки дар замони мо низ чунин соҳибвазифаҳо будаанд. Ба он бовар мекунед, чунки худи муаллиф ин воқеаро мушоҳида кардааст ё ки иштирокчии бевоситаи онҳо будааст.
Саҳифаҳои охирини маҷмӯаро мехонеду бо як умедворӣ барои мутолиаи пурраи китоби «Самарқанд-­ул-­вақоеъ» ба муаллиф дар навиштани давоми ин асари аҷиб илҳоми тозаи эҷодӣ, қувваю ғайрат ва сабру бардошт орзу мекунед.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ