Роҳбари ҳукумати Италия истеъфо медиҳад


Ҷузеппе Конте, сарвазири Италия дар мулоқот бо вазирон ба сурати расмӣ эълон кард, ки истеъфо хоҳад дод. Дар ин бора Corriere della Sera хабар медиҳад.
Конте ба зудӣ дар ин бора ба Серҷо Матарелла, раисҷумҳури кишвар муроҷиат мекунад. Матарелла қарор мекунад, ки оё ба Конте барои таъсиси ҳукумати нав имкон додан мумкин аст, ё бояд интихоботи нав баргузор шавад.
Бино ба хабарҳои расонаҳои Италия, Матарелла бо эҳтимоли қавӣ бори савум ба Конте барои таъсиси ҳукумати нав имкон медиҳад. Аммо, ӯ бояд бовар дошта бошад, ки дар порлумон аксарият сарвазирро дастгирӣ мекунанд.
Раисҷумҳур бо намояндагони ҳизбҳо фаврӣ машварат мекунад ва ҳамин ҳафта қарори худро эълон менамояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ