Бетартибиҳо дар Нидерландия: Амстердам ором намешавад


Паиҳам рӯзи саввум аст, ки дар пойтахти Нидерландия эътирозгарон бар зидди режими соати комендантӣ ва карантин дар кӯчаҳо бетартибӣ мекунанд. Дар ин бора “МИР 24” хабар медиҳад.
Ҳамарӯза соати комендантӣ бо шикастани шишаҳои тиреза, доду фарёд ва сӯхтор оғоз мешавад. Садҳо ҷавон шабона ба кӯчаҳо мебароянд ва шикастани шишаҳои истгоҳу оинаҳои рекламаро оғоз мекунанд. Шаби гузашта ҳатто кӯпруки болои ҷӯйро тарконданд.
Ба гуфтаи раиси пулиси Нидерландия, шабона то соати 20.30 ҳама ҷо ором буд, вале баъд “қиёмат қоим” шуд.
Дар ин се рӯз кормандони пулис беш аз 300 нафарро боздошт карданд.
Як сокини Амстердам ба номи Флора мегӯяд, ки аксарияти эътирозгарон мисли ҳаводорони футболанд, ки баъди бозӣ барои бетартибӣ баҳона меҷӯянд. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки ин эътирозгарон шояд 0,1, ё ҳатто 0,01 дарсади аҳолии кишваранд, вале, маҳз онҳо ҳоло дар маркази эътибор мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ