БО МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ОЛИЙ МАҶЛИС АЪЗОИ ПАРЛУМОНИ БРИТАНИЁ ШИНОС КАРДА ШУДАНД

Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Британиёи Кабир барои намояндагони парлумони Британиё дар бораи моҳият ва мазмуни Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис, ки роҳбари давлат 29 декабри соли гузашта онро ироа дошт, брифинг баргузор кард.
Дар чорабинӣ, ки дар шакли онлайн ба вуқӯъ омад, аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумон оид ба Ӯзбекистон (APPG) ва Гурӯҳи британиёӣ дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ, аз ҷумла раиси APPG Эндрю Бриҷен, депутати Палатаи ҷамоаҳо Мартин Виккерс, аъзои Палатаи лордҳо – лорд Боунесс, лорд Лилли, лорд Логан, лорд Вейверли, лорд Балф, баронесса Стерн, баронесса Сатти ва дигарон ширкат ҷустанд.
Сафир Саид Рустамов қонунгузорони британиёиро бо комёбиҳои Ӯзбекистон тӯли соли сипаришуда ва вазифаҳои бартариноки рушди ҷумҳурӣ дар соли оянда, ки дар муроҷианомаи роҳбари давлат муайян карда шудаанд, ошно кард. Чораҳое, ки дар мамлакат бобати аксуламал ба пандемияи коронавирус ва дастгирии иқтисодиёти миллӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ андешида мешаванд, махсус қайд гардиданд. Вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумат дар соҳаи таъмин сохтани саломатӣ ва беҳбуди иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҳамчунин ислоҳоти сохтории иқтисодиёт таъкид карда шуданд.
Афзалиятҳои сиёсати хориҷии мамлакат, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ бо давлатҳои ҳамҷавор мушаххас гардиданд. Ба он чиз эътибор дода шуд, ки дар суханронии Президенти Ӯзбекистон Британиёи Кабир дар шумори шарикони бартариноки сиёсати хориҷӣ, ки кишвари мо ният дорад бо онҳо ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро фаъол намояд, зикр гардид.
Аз ҷониби депутатҳои британиёӣ миқёси васеи вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев тазаккур ёфтаанд, таъкид гардид, ба собитқадамии Ӯзбекистон бобати идома додани ислоҳот, бо вуҷуди санҷишҳои ҷиддии соли сипаришуда баҳои баланд дода шуд. Омода будани ҳам парлумон ва ҳам ҳукумати Британиёи Кабир бобати ҳамаҷониба дастгирӣ кардани Ӯзбекистон бинобар бо муваффақият татбиқ сохтани барномаҳои ислоҳот иброз гардид.

АИ «Дунё»,
шаҳри ЛОНДОН.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ