Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар бораи сессияи бисту якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум

Дар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон
«Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Сессияи бисту якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум рӯзи 29-уми январи соли 2021 дар соати 10:00 даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд;
    – ҳисоботи вакили Олий Мажлис оид ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) дар бораи корҳое, ки вакили минтақавӣ дар соли 2020 амалӣ намудааст;
    – ҳисоботи ҳокими ноҳияи Пайариқ Д. Мусинов дар бораи иҷрои барномаи чораву тадбирҳои амалӣ оиди беҳдошти ҳолати ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мутобиқи нишондиҳандаҳои рейтинги баҳодиҳии дараҷаи ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ;
    – ахбори ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои ривоҷи сайёҳӣ ва спорт Б. Нуруллоев дар бораи корҳое, ки аз рӯйи таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси маданӣ» иҷро карда мешаванд;
    – ҳисоботи сардори Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят И. Ҷабборовдар бораи сарфи дуруст ва самараноки маблағҳои буҷет, ки бо мақсади иҷрои Барномаи шуғл, инчунин барои ривоҷдиҳии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла субсидия ва грантҳои аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи давлатии кӯмак ба шуғли Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, инчунин дар бораи сарфи маблағҳои Хазинаи корҳои ҷамоатӣ;
    – ҳисоботи ҷонишини якуми сардори Садорати тараққиёти иқтисодӣ ва ихтисори камбизоатии вилоят Д. Шакарбоев дар бораи натиҷаҳои мониторинги доимие, ки аз рӯйи баҳогузории рейтинги ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо бурда мешаванд;
    – дар бораи воридсозии илова ва дигаргуниҳо ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 23-юми июли соли 2020 «Дар бораи ташкил намудани котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят» таҳти рақами 67/11;
    – дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷаи маҳаллии вилоят;
    – дар бораи истифода аз маблағҳои «Хазинаи саховат ва кӯмак», ки дар назди идораи вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии «Маҳалла» ташкил гардидааст.
    И.м.в. ҳокими вилоят Ҷ.ӮРОҚОВ.
    23-юми январи соли 2021,
    шумораи 9 – Қ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ