Тадбиркор — ба ҷавонон мададкор


Нутқи дар «Форуми ҷавонон» ва Муроҷиатномаи ба Парламент кардаи Президент имрӯзҳо аз рӯйи бартараф кардани бекорӣ дар байни ҷавонон, бо кор таъмин кардани ҷавононе, ки ба «Дафтари оҳанин» даромадаанд, аз нав омӯзонидан ба касбу ҳунар нишондодҳо дода шудааст. Аз ҷумла, дар доираи барномаи «Ҷавонон: 1+ 1» дар марказҳои хонишӣ ташкил кардани омӯзиш ба касбу ҳунар гуфта шудааст. Дар ҳокимияти ноҳияи Каттақӯрғон дар мавзӯи «Ҳар як тадбиркор — ба ҷавонон мададкор» ҷамъомад баргузор гардид. Дар он ходимони ҳокимияти ноҳия, вакилони маркази шуғли аҳолӣ, маркази хизматҳои давлатӣ, тадбиркорон ва дигар масъулон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ.Ӯроқов иштирок карда, дар бораи корҳои аниқкунӣ ва ривоҷдиҳии драйверӣ, ба тадбиркорӣ омӯзонидани аҳолӣ ва дигар вазифаҳои дар пеш истода суханронӣ кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ