Гарете: Месси “ПСЖ”-ро интихоб кард

Варзиш

Оилаи капитани бошгоҳи “Барселона” – Лионел Месси ба омӯхтани забони фаронсавӣ шурӯъ кард. Дар ин бора рӯзноманигори «Canal +» – Жоффруа Гарете хабар дод. Ӯ мутмаин аст, ки нияти ҳамлагари аргентинӣ барои рафтан ба “ПСЖ” қатъист.
“Ман маълумот дорам, ки Лионел Месси ва тамоми оила, ҳамсар ва фарзандони ӯ забони фаронсавӣ меомӯзанд. Агар ӯ бо «Манчестер Сити» шартнома имзо кардани бошад, пас забони фаронсавӣ чӣ лозим? Ин маънои онро дорад, ки Лео ба “ПСЖ” меравад. Ман ба манбаъ боварӣ дорам, ки хеле боэътимод аст. Аён аст, ки интихоб ба фоидаи “ПСЖ” хоҳад буд”, — гуфт Гарете.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи кунунии Месси бо «Барселона» то 30-юми июни соли 2021 эътибор дорад. Пештар хабар дода мешуд, ки “ПСЖ” ва «Манчестер Сити» ба ин ҳамлагар таваҷҷӯҳ доранд.
Дар мавсими ҷорӣ Лео дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати дастаи каталонӣ 21 бозӣ гузаронида, 14 гол задааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ