Вазорати таълими олӣ ва миёнаии махсус хабарҳоро дар бораи қайд гардидани коронавирус дар миёни баъзе донишҷӯёни донишгоҳҳо ва баста шудани факултетҳоро рад кард


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳо паҳн гардиданд, ки дар байни донишҷӯёни баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ сирояти коронавирус ошкор гардида биноҳои факултет ва хобгоҳҳо барои дезинфексия баста шудаанд.
Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус оид ба ин хабарҳо баёноти махсус нашр кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки чунин гузоришҳо беасосанд.
«Бояд қайд кард, ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар гузориш зикршуда ягон ҳолати сирояти коронавирус ошкор нагардидааст ва ҳеҷ яке аз хобгоҳҳои донишҷӯён баста нашудааст», — гуфта мешавад дапр хабар.
Вазорат гуфт, ки нашри маълумоти тасдиқшуда хабарҳои боасос барои журналистон «қоидаи тиллоӣ» мебошад.
«Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки қабл аз паҳн кардани ахбор каме сабр карда, онро аниқтар намоед ва сипас онро нашр кунед, агар ин комилан зарур набошад, аз паҳн кардани ин гуна хабарҳои хунук худдорӣ кунед!
Зеро як паёме, ки нодуруст шарҳ дода, ҳанӯз аниқ нагардида ва саросемавор паҳн карда шудааст, ҳазорон ва миллионҳо одамонро ба ташвиш меоварад. Ин на танҳо боиси ташвиш, балки метавонад боиси пайдоиши бемории дигар гардад.
Дар баробари ин, фаромӯш накунед, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои паҳн кардани маълумоти беасос ва бардурӯғ меъёрҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст!
Ғайр аз он, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба пинҳон кардани чунин ҳолатҳо манфиатдор нестанд.
Хазмати иттилоотии вазорат омода аст, ки имрӯз ва оянда низ дар паҳн кардани хабарҳои мусбат ҳамкорӣ кунад », — гуфта мешавад дар баёноти Вазорати таълимоти олӣ ва миёнаи махсус.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ