Дар сомонаи яке аз нашрияҳои машҳури Куриёи Ҷанубӣ «The Korea Post» дар бораи истлоҳоти Ӯзбекистон мақола чоп шуд

Дар сомонаи яке аз нашрияҳои машҳури Куриёи Ҷанубӣ «The Korea Post» мақолаи пурмуҳтавои асосгузори маҷаллаи мазкур Ли Кёнг Шик таҳти унвони «Дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ гардида, тағйирот ва навсозӣ ба вуқӯъ меояд» чоп шудааст.
Муаллиф дар мақолааш қайд менамояд, ки чаҳор соли охир дар Ӯзбекистон даврони ислоҳоти ҷиддӣ, бозсозӣ ва навсозии васеъмиқёс буд, ҷараёни тағйирот дар мамлакат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун «феномени нави Ӯзбекистон» баҳогузорӣ гардид, ҳамаи ин натиҷаи сиёсати пурандешаи хориҷӣ ва дохилӣ мебошад, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мегардад.
Мувофиқи мақола дар Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис Муроҷиатнома равона кардани Президент анъанавӣ гардидааст, ки рамзи ҳисоботдиҳии ҳокимияти олӣ ба халқ мебошад. Ин яке аз равандҳои асосии демократия маҳсуб меёбад. Сарвари Ӯзбекистон ҳар сол бо Муроҷиатнома ба парлумон баромад карда, дар вай мавҷуд будани консепсияи пурмуҳтавои стратегияи дарозмуҳлати пешрафтро барои кишвари худ намоиш медиҳад.
Муаллиф таъкид менамояд, ки Муроҷиатномаи роҳбари давлат ба шоҳаи қонунгузории ҳокимият яке аз ҳодисаҳои асосии сиёсии соли гузашта дар ҳаёти Ӯзбекистон гардид. Бинобар ақидаи ӯ суханронии Президенти Ӯзбекистон бори дигар садоқати ӯро ба раванди мулоқоти ошкоро бо халқ, тайёр буданашро ба шунидани мушкилот ва таклифи ҳар кадом шаҳрванд бобати иқдомҳои минбаъдаи дигаргуниҳои демократии мамлакат намоиш дод.
Бахусус аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон «Соли дастгирии ҷавонон ва таҳкими саломатии аҳолӣ» эълон гардидани соли 2021 бори дигар ба ҷаҳониён дар ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии ӯ мустақимона татбиқ шудани ислоҳот, дар ин бобат эътибори бештар ба ҳифзи манфиатҳо, пеш аз ҳама, халқи мамлакат нишон дод.
«Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Парлумон барномаи ислоҳоти демократӣ бинобар бунёди Ӯзбекистони нав мебошад. Вай дар баромади худ ба ислҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд ва чораҳое, ки амалӣ мегарданд, аз ҷумла ислоҳсозии минбаъдаи соҳаи таълим, таҳкими низоми нигаҳдории тандурустӣ, рушди илм ва ҷорӣ намудани қарорҳои нав дар соҳаи иқтисодиёт такони нав бахшид. Аз ҳама муҳимаш моҳияти Муроҷиатнома ба нуфузи кунунии «Ӯзбекстони нав» мувофиқат мекунад ва садоқати Президентро ба мақсадҳои бозсозии минбаъдаи ҷумҳурӣ бо назардошти ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷомеа намоиш медиҳад»,– хулоса мебарорад муаллифи мақола.

АИ «Дунё»,
шаҳри Сеул.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ