Ҷашни 30-солагии иди Истиқлол дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор хоҳад шуд

Ҷамъомади ташкилии гурӯҳи кории Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис оиди дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ моҳият ва мундариҷаи вазифаҳое, ки дар қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 17 декабри соли 2020 муайян шудаанд, ҳамаҷониба таҳлил карда шуд.
Дар қарор ба он эътибор дода шудааст, ки дар тӯли солҳои истиқлолият мардуми сермиллати Ӯзбекистон иқтидори азим, иродаи қавӣ ва мардонагии худро нишон дода, озмоишу мушкилоти душворро устуворона паси сар намуда, роҳи тӯлонии рушдро тай карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини якуми раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов дар бораи самтҳои афзалиятноки иҷрои вазифаҳое, ки аз барномаи чорабиниҳои ташкилию амалӣ, маънавию маърифатӣ ва таблиғотӣ баромада, ғояи «Мо дар Ӯзбекистони нав – кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!»-ро таҷассум менамояд, нақл кард.
Тавре ки дар қарор дар бораи таҷлили сисолагӣ – санаи муҳими таърихӣ қайд шудааст, дар натиҷаи ислоҳоти солҳои охир, пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар самти навсозии куллии соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маънавӣ ва маърифатӣ, татбиқи ғояи «Аз эҳёи миллӣ ба пешрафти миллӣ» муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда мешаванд. Ҳамаи ин аз депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис талаб мекунад, ки барои то ба шуури мардум расонидани рӯҳияи замони нав фаъолнокӣ ва фазилатҳои пешвоӣ нишон диҳанд.
Гурӯҳи корӣ дар асоси вазифаҳои қарор нақшаи чорабиниҳоро оид ба таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ таҳия намуд. Мувофиқи он, дар кишвар баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ таҳти шиорҳои «Аз эҳёи миллӣ — ба пешрафти миллӣ», «Ӯзбекистони нав — парлумони нав», «Ҷавонони истиқлол» ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамзамон, ба асолату беҳамтоии рӯйдодҳо, муносибати эҷодӣ ба ташкили онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зарурати баргузории озмунҳои эҷодии онлайн оид ба ташаккули парламентаризми миллӣ, “мизҳои мудаввар” ва вохӯриҳои гуногун бо ҷалби васеи аҳолӣ таъкид карда шуд. Дар баробари ин, ба мазмуннокии баромадҳо дар нашрҳо, васоити ахбори оммавии электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, гуногунрангии маҳсулоти медиа, ки ба ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз бахшида шудаанд, диққати ҷиддӣ додан лозим меояд.
Оид ба васеъ ҷалб намудани намояндагони сохтори Парлумони ҷавонон барои гузаронидани мулоқот дар маҳалҳо тадбирҳои амалӣ муайян карда шуданд. Барои дар сатҳи баланд ташкил кардани ин чорабиниҳо дар баробари вакилони парлумон, депутатҳои Кенгашҳои маҳаллӣ низ васеъ ҷалб карда мешаванд. Дар ҷамъомад депутатҳои барои саривақт гузаронидани мулоқоту муколамаҳо масъул муайян шуданд.
Ғайр аз ин, дар ҷамъомади гурӯҳи корӣ «харитаи роҳ» -и чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии истиқлолияти кишварамон тасдиқ карда шуд.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ