Тавсияи нави шифокорони Фаронса барои ҳимоя аз коронавирус


Шифокорони фаронсавӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тавсияи нав доданд: вақте, ки дар дохили автомобилҳои мусофирбар ҳастед, сӯҳбат накунед.
Бино ба хабари AP, Академияи шифокорони Фаронса дастуруламали наверо барои мубориза бо коронавирус чоп карданд. Дар ин китобча гуфта мешавад, ки дар метрову автобусҳо ва ҷойҳои ҷамоатӣ, ки нигоҳ доштани масофа дар миёни одамон ғайриимкон аст, бояд аз сӯҳбатҳои телефонӣ худдорӣ кунанд. Дар Фаронса аз моҳи май ниқобпӯшӣ маҷбурӣ шуд, вале аксарият дар дохили автомобилҳои мусофирбар барои сӯҳбати телефонӣ ниқобашонро мегиранд.
Баъзе аз мутахассисони фаронсавӣ чунин чораҳоро кофӣ намедонанд ва ба ҷорӣ кардани карантини савуми миллӣ даъват мекунанд. Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоёни коронавирус дар бемористонҳо нисбат ба моҳи октябри соли гузашта, ки карантини дувум ҷорӣ шуда буд, бештар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ