Сифати хизмати аввалияи тиббӣ дар поликлиникаи оилавии рақами 4-и шаҳри Самарқанд чӣ хел аст?

Ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, корҳои рушди иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ Хуршед Очилов бо мақсади шинос гардидан бо сатҳи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чорабиниҳои ҷорӣ намудани механизмҳои комилан нав дар фаъолияти муассисаҳои ёрии якумдараҷаи тиббӣ-санитарӣ ва боз ҳам афзун намудани самаранокии ислоҳотҳое, ки дар сохтори ҳифзи тандурустӣ амалӣ мегарданд” ба поликлиникаи оилавии 4-и шаҳри Самарқанд ташриф овард.
Ҷонишини ҳоким бо корҳое, ки дар муассиса амалӣ мегарданд, натиҷаи барӯйхатгирие, ки аз тарафи кормандони тиббӣ дар маҳаллаҳо гузаронида мешаванд, шинос гардид.
Доир ба ташкили хизмати тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳҳои саломатӣ ҷудо гардидаанд, маслиҳат ва пешниҳодҳо дод.
Инчунин, Х.Очилов зарурати тақвияти ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, алахусус баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот ва маҳаллаҳо, дар ҳар як маҳалла ба роҳ мондани сохтори алоҳида кор бо кӯдакони то 5-сола, занони ҳомиладор, маъюбон ва шаҳрвандоне, ки бемориҳои дилу раг, онкологӣ, эндокринӣ доранд, тавсияҳои зарурӣ дод.
Хизмати матбуоти Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ