Аъзои гурӯҳи тарғиботи занон дар маҳаллаҳо шуданд


Аъзои гурӯҳи тарғиботи занҳои ноҳияи Каттақӯрғон дар маҳаллаҳои Ҷумъабой, Нисбати ноҳия шуда, бо фаъолони маҳаллаҳо, аъзои гурӯҳи тарғибот, ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 10-и ноҳия, хонанда-духтарони мактаб дар мавзӯъҳои «Мавқеи занҳо дар ҷамъият» ва «Падару модар — мактаби ибрат» сӯҳбат гузаронданд.
Дар тадбир сарбибихалифаи ноҳия Матлуба Эргашева, роҳбарони гурӯҳҳои тарғиботии секторҳои 4 ва 1 Шоҳида Дониёрова ва Марҳабо Умирова, инчунин, аъзои гурӯҳ, Ҳоҷиона Муаззама Бобоева иштирок ва суханронӣ карданд. Сухангирифтагон дар бораи аз ҷиҳати маънавӣ баркамол будани модарони имрӯза, чӣ хел шудани одобу рафтор ва либоспӯшии духтарон ва ғайра ҳарф заданд.
Баромади хонанда-духтарони мактаб дар мавзӯи «Либосҳое, ки модаркалонҳои мо пӯшидаанд» ба ҳозирон писанд омад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ