Бо 25 номзад шартномаҳои меҳнатӣ баста шуд

Ҷамият

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки роҳбари Садорати адлияи вилоят Салоҳиддин Нуриев нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбари шӯъба дар бораи корҳои анҷомдодаи садорат дар соли 2020 тибқи барномаи «OPEN JUSTICE» («Адолати кушода»)-и Садорати адлияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҳисобот дод.
Қайд карда шуд, ки дар мубориза бо коррупсия дар системаи Вазорати адлия, пеш аз ҳама, ба интихоб ва ҷойгир кардани кадрҳои арзанда дар системаи мақомоти судӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2020 аз ҷониби Садорати адлия 8 озмун оид ба қабули кормандон гузаронида шуд, ки дар онҳо 101 нафар хоҳишмандон барои кор дар шӯъба изҳори назар намуда, дар озмун ширкат варзиданд. Дар натиҷаи озмун, дар маҷмӯъ 25 номзад ғолиб дониста шуда, бо онҳо шартномаҳои меҳнатӣ баста шудааст.
Ғайр аз ин, бо мақсади пешгирии коррупсия дар системаи адлия, инчунин барои омӯхтани маданияти муомилаи кормандон бо шаҳрвандон, дар соли 2020 10 «рейд» ташкил карда шуд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо, 19 корманд барои хато ва камбудиҳо ҷазои интизомӣ гирифтанд.
Дар тӯли соли 2020 ба Садорат ва системаи он аз шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ 4367 муроҷиат ворид шудааст.

  • Дар ҷараёни омӯзиш ва мониторинг, инчунин дар ҷараёни баррасии муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ 82715 қонуншиканӣ муайян карда шудааст, ки дар маҷмӯъ 7251 чораҳои иҷрои қонунҳо, аз ҷумла 1666 пешниҳод, 4816 чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоршуда, бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдоиши онҳо мусоидат мекунанд, огоҳӣ, 751 парвандаи маъмурӣ, 38 парвандаи ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ба шаҳрвандон 5 миллиарду 351 миллиону 612 ҳазору 901 сӯм баргардонида шуд, — мегӯяд С.Нуриев.
    Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ва блогерҳо ба саволҳои худ дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар система, ислоҳот ва мушкилоти мавҷуда ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
    Шаҳзод КЕНҶАЕВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ