Ширкати Novavax самаранокии 90-дарсадии ваксинаи худро эълон кард


Ваксинаи зидди коронавируси ширкати амрикоии Novavax, ки NVX-CoV2373 ном дорад, тақрибан 90 дарсад самаранокӣ нишон дод. Дар ин бора намояндагони ширкат эълон карданд.
Дар баёнияи ширкат гуфта мешавад, ки ваксина дар марҳилаи саввуми озмоиш, 89,3 дарсад самаранокӣ нишон дод. Озмоишҳо дар Британияи Кабир баргузор шуд.
Дар ин марҳилаи озмоиш беш аз 15 ҳазор нафар иштирок карданд. Синни онҳо аз 18 то 84 буд. Тақрибан 27 дарсади довталабонон пиронсолон (синни боло аз 65) буд.
Стэнли С. Эрк, раиси ширкат гуфт, ки ин ваксина бар зидди коронавируси “британияӣ” самаранокии хуб нишон дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ