Аввалин истгоҳи туристии кишвар кушода шуд

9-уми декабри соли 2020 дар яке аз конфронсҳои видеоии таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев, ки бахшида ба корҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш анҷом дода шуда буд, вазифаҳо барои соли оянда баррасӣ шуда, ба афзоиши шумораи иншооти туристӣ ва инфрасохтор дар кишвар диққати махсус дода, дар ин росто ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуда буд.
Дар асоси ин вазифаҳо ва фароҳам овардани шароит барои сайёҳон, ҳокимияти вилоят ва шаҳри Самарқанд, Садорати вилоятии рушди сайёҳӣ дар қаламрави роҳи оҳани вакзали Самарқанд як истгоҳи туристӣ таъсис ёфт.
Дар истгоҳи туристӣ, ки аз ҷониби фирмаи туристии «Shaxrizada Sam Star tur» ташкил карда шудааст, ба меҳмонон дар бораи воситаҳои нақлиёт, гид-тарҷумонҳои соҳибихтисос, инчунин меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо маълумоти ройгон дода мешавад. Сайёҳон аз он ҷо метавонанд ба воситаҳои нақлиёт, гид-тарҷумонҳо, меҳмонхонаҳо ва ресторанҳоро супориш диҳанд ва аз хизматҳои онҳо истифода баранд. Инчунин имконияти истифодаи пайнет барои пардохт ва гирифтани SIM-кортҳои махсус дар истгоҳ мавҷуд аст.
Дар маросими ифтитоҳи истгоҳ, ҷонишини сарвазир, раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ А.Абдуҳакимов қайд кард, ки ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ӯзбекистон яке аз ду кишвар дар ҷаҳон аст, ки лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи сайёҳӣ, ҳатто дар ҳолати пандемия амалӣ мекунад, таъкид намуд ӯ дар бораи эътирофи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ.
Ҷонишини сарвазир инчунин гуфт, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Ҷаҳонии Туризми барои соли 2023 пешбинӣ карда шуда, дар Самарқанд баргузор мешавад.

  • Ин оғози кори мо дар ин самт аст ва дар Самарқанд боз ду истгоҳи туристӣ таъсис дода мешавад, — гуфт директори садорати рушди сайёҳии вилоят Д.Нарзиқулов. — Истгоҳи аввалини туристӣ асосан барои хидмат ба сайёҳони хориҷӣ ва сайёҳон аз дигар минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Истгоҳи туристӣ, ки бояд ба сайёҳони маҳаллӣ хидмат кунад, дар атрофи мақбараи Амир Темур ҷойгир мешавад. Истгоҳи сеюми сайёҳӣ дар қаламрави расадхонаи Мирзо Улуғбек хоҳад буд. Дар айни замон пешниҳодҳо дар бораи ташкили ин истгоҳҳо омӯхта мешаванд.
    Дар аввалин истгоҳи туристӣ ба сайёҳон маълумот дар бораи агентиҳои сайёҳӣ, роҳҳо, меҳмонхонаҳо, ресторан ва ошхонаҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва ҷопонӣ дода мешавад.
  • Ҳадафи мо фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аст, — мегӯяд масъули истгоҳи туристӣ Обид Ҳакимов. – Ҳоло дар истгоҳ барои сайёҳон дар ташкили самарабахши сафар чор хатсайр пешниҳод карда мешавад. Масири аввал туризми зиёрат, дуввум ёдгориҳо ва обидаҳои таърихӣ, сеюм экотуризм, агротуризм, туризми кӯҳӣ ва ғайра, чорум сафарҳо ба марказҳои хӯрокворӣ ва ҳунарҳои миллиро дар бар мегирад. Вазифаи асосии ин таъмини амнияти сайёҳон мебошад.
    Дар ҷараёни ин чорабинӣ барои журналистон ва блогерҳо инфо-тур дар самтҳои сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ