Роҳи табиии ҳимоя аз коронавирус ёфт шуд

Гормонҳои оддаи мелатонин, ки дар шуши одам ҳосил мешавад, ҳамчун монеае бар зидди панншавии коронавирус амал мекунад. Ба чунин хулоса омаданд олимони Донишгоҳи Сан-Паулуи Бразилия, хабар медиҳад маҷаллаи Melatonin Research. Онҳо муайян намуданд, ки моддаи мелатонин дохилшавии генҳои вирусро дар шушҳо пешгирӣ намуда, ҳамчун иммунитети зидди он хизмат мекунад. Дар натиҷа, вируси мазкур чанд рӯз дар роҳҳои нафас бозистода, чун аз сабаби монеаи мелатонин дохил шуда натавонист, хориҷ мешавад.
Онҳо таҷрибаи худро дар ҷонварон гузарониданд ва маълум шуд, ки бидуни синтези мелатонин ҳар гуна ҳиссачаҳои зараровар ҳатто ба майнаи сар низ роҳ ёфтанд. Имрӯз аз бемории коронавирус қариб 2,2 миллион одам фавтидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ