Шумори наҳангҳо дар уқёнусҳо беш аз 70 дарсад коҳиш ёфт


Дар 50 соли охир наҳангҳову скатҳои уқёнусҳо 71 дарсад кам шуданд. Дар ин бора Nature хабар дод.
Олимони Донишгоҳи Саймон Фрейзери Канада дар тадқиқоти худ аз “Китоби сурх” 31 навъ ва аз Феҳристи сайёраи зинда 18 навъи наҳангу скатҳоро, ки нобудшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад, омӯхтанд. Онҳо дар солҳои 1970-2018 чӣ тавр тағйир ёфтани шумори онҳоро таҳлил карданд.
Онҳо танҳо наҳангҳоеро, ки дар уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд, омӯхтанд. Натиҷаҳо нишон дод, ки шумори онҳо дар ин муддат беш аз 70 дарсад кам шудааст. Боиси гуфтан аст, ки аввал наҳангҳои бузург ва баъдан хурдтар нобуд шудаанд.
Уқёнуси Ҳинд барои наҳангҳо хавфноктарин минтақа эътироф шуд, чун дар ин уқёнус олами моҳиҳо ва дигар намуди ҷонварони дарёиро назорат намекунанд. Масалан, наҳанги сафеди уқёнусӣ (Carcharhinus longimanus), ки замоне дар обҳои тропикӣ навъи паҳншудатарин буд, имрӯз бо таҳдиди нобудшавӣ рӯбарӯ мебошанд. То аз байн рафтани онҳо ҳамагӣ “як қадам” мондааст.
Дар ин муддат танҳо навъи наҳанги бузурги Sphyrna zygaena афзоиш ёфтааст.
Олимон мегӯянд, ки чунин коҳишёбии якбора ҳатто мутахассисонро хеле нигарон кардааст.
Муаллифони мақолаи илмӣ мегӯянд, ки наҳангҳо дар занҷири озуқавии дарёӣ нақши муҳим мебошанд ва нобудшавии онҳо метавонад боиси вайрон шудани тамоми системаи экологӣ гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ