Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар 12 шаҳр гузаронида мешавад

Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар 12 шаҳр, тавре ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат хоҳад гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА).
«УЕФА ният дорад чемпионати Аврупоро дар ҳамаи 12 шаҳр баргузор кунад. Евро — ин мусобиқаи бузурги дастаҳои миллӣ дар Аврупо ва манбаи ҳаётан муҳими маблағгузорӣ ва рушди васеи футбол мебошад», — мегӯяд сардори УЕФА Александр Чеферинро.
«Ман хушбинам, ки бо наздик шудани мусобиқа эҳтимолан вазъи вобаста ба вирус ба куллӣ тағйир меёбад ва муҳим ин аст, ки мо ба шаҳрҳо ва ҳукуматҳои мизбон ҳарчи бештар вақт бидиҳем, то ин ки тасвири дақиқи чизеро, ки моро дар моҳи июн интизор аст, тасаввур кунем», — гуфт ӯ.
Инчунин зикр карда мешавад, ки тасмим дар бораи баргузории чемпионати Аврупо бо ҳузури тамошобинон аввали моҳи апрел қабул хоҳад шуд.
Чемпионати Аврупо аз 11 июн то 11 июли соли 2021 баргузор мешавад. Бо сабаби пандемияи коронавирус мусобиқа барои як сол мавқуф гузошта шуд. Гузаронидани он дар Санкт-Петербург, Лондон, Мюнхен, Боку, Рим, Бухарест, Дублин, Копенгаген, Билбао, Глазго, Будапешт ва Амстердам ба нақша гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ