Котиби давлатии ИМА таъин гардид

Сенати Конгресси ИМА рӯзи сешанбе, 26 январ номзади пешниҳоднамудаи президент Ҷозеф Байден — Энтони Блинкенро дар мақоми раҳбари департаменти давлатӣ тасдиқ кард. Тавре ТАСС хабар медиҳад, ҷараёни овоздиҳӣ аз тариқи сомонаи палатаи болоии мақомоти қонунгузории Амрико пахш гардид.
78 сенатор ба тарафдории номзад ва 22 қонунгузор зидди ӯ овоз доданд. Дар ояндаи наздик Блинкени 58-сола савганд ёд хоҳад кард.
Ҷузъиёти шарҳи ҳоли ӯ:
Блинкен 16 апрели соли 1962 дар Ню-Йорк дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Гузаштагони падарии ӯ аз Россия ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират кардаанд.
Дар маъмурияти Президенти 42-юми ИМА Билл Клинтон, Блинкен дар дастгоҳи Шӯрои амнияти миллӣ, ёрдамчии махсуси президент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, директори калон оид ба корҳои Аврупо ва баъдан — оид ба банақшагирии стратегӣ кор кардааст. Дар солҳои 2002-2008 котиби давлатии оянда дастгоҳи фраксияи демократии Кумитаи сенат оид ба корҳои хориҷиро роҳбарӣ мекард. Дар ин давра, раиси кумита сарвари кунунии давлат буд, Барак Обама низ ба он шомил буд, ки баъдан президенти 44-уми Иёлоти Муттаҳида интихоб шуд.
Вақте ки Барак Обама соли 2009 раҳбари Амрико шуд ва Байден вазифаи ноиби президентро ба уҳда гирифт, Блинкен аввал ба вазифаи ёвари ноиби президент оид ба амнияти миллӣ таъйин шуд. Аммо соли 2013 вай муовини ёрдамчии сарвари давлат оид ба амнияти миллӣ гардид. Он замон Байден дар бораи ӯ чунин гуфта буд: “Блинкен ҳар кореро карда метавонад. Тони Блинкен — ситораи фавқулода аст ва ин муболиға нест. Президент инро пас аз чор соли кор бо ман эътироф кард ва ӯро аз ман рабуд». Аз соли 2015 то 2017 Блинкен муовини котиби давлатии он замон — котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ буд. Давоми маъракаи интихоботи президентии соли 2020, Блинкен дар ситоди интихоботии Байден мушовири ӯ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ