Бадтарин сол дар таърихи сайёҳӣ


Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ соли 2020-умро бадтарин соли сайёҳӣ дар таърих номид.
Бино ба натиҷаҳои тадқиқоти мутахассисони созмон, соли гузашта шумори сайёҳони байналмилалӣ 74 дарсад коҳиш ёфт. Соҳа дар давоми сол дар умум 1,3 триллион доллар зарар дид, ки ин нисбат ба соли буҳрони иқтисодии 2009 11 баробар афзоишро нишон медиҳад.
Ҳарчанд, ки дар фасли тобистон сайёҳӣ дар Аврупо каме фаъолтар шуд, ин ба вазъияти умумӣ таъсири ҷиддӣ нагузошт. Шумори сайёҳон дар соли 2020 беш аз 500 миллион нафар кам шуд.
Тақрибан 120 миллион нафар корманди соҳа ба далели пандемия бо хатари аз даст додани ҷойи кории худ рӯбарӯ шуданд, ки аксари онҳо дар ширкатҳои хурду миёна кор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ