Тоҷикистон ба Ӯзбекистон чӣ қадар ангишт экспорт кард?

Тоҷикистон соли 2020 ба кишварҳои ҳамҷавор, назири Афғонистон, Ӯзбекистон ва инчунин Покистон дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 3,3 ҳазор тонна ангишт содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2019 14,3 ҳазор тонна кам мебошад.
Дар ин бораи АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ин кишвар хабар медиҳад.
Аз ҳаҷми умумии ангишти ба хориҷа содиротшуда 1,3 ҳазор тонна ба Покистон, 1,2 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 0,8 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.
Омилҳои асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми содироти ангишт ба кишварҳои хориҷӣ ба зуҳур ва паҳн гардидани бемории сироятии СОVID-19 рабт дода мешаванд, зеро бар асари ин пандемияи ҳамагир иртибот миёни кишварҳои минтақа муваққатан қатъ гардида буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ