Таъмини шуғли ҷавонон – масъалаи асосӣ

Дирӯз сессияи бисту якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум баргузор гардид.
Сессияро мудири котибияти Шӯрои вилоят Ш. Йӯлдошев бурд. Намояндагони халқ аввал ҳисоботи вакили Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) Ш. Сафаровро дар бораи корҳое, ки вакили минтақавӣ дар соли 2020 амалӣ намудааст, шуниданд.
Нотиқ дар бораи фаъолияти худ роҷеъ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва кӯмаке, ки ба онҳо ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ ва барқарор кардани озодиашон расондааст, ахбор дод.
Соли гузашта экспертҳои намояндагӣ се маротиба дар ҷойҳои гузаронидани муддати ҷазо тадбирҳои гуногун ташкил кардаанд ва шикоятҳои маҳбусонро шунида, ба онҳо ёрии амалӣ расондаанд.
Соли гузашта ба намояндагони Омбудсман дар Самарқанд 28-то муроҷиати хаттӣ ва 54-то ба воситаи телефон, телеграм ва почтаи электронӣ расидааст. Аксарияти онҳо бо ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон, бахусус, хизматҳои коммуналӣ вобаста мебошанд.
Аз ин рӯ, Ш. Сафаров барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил кардани Маркази донишҳои ҳуқуқиро пешниҳод кард. Депутатҳо бошанд дар давоми сол дар воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамагӣ як маротиба баромад карда, дар рӯзномаҳо ягон бор ҳам мақола чоп накардани вакилро танқид карданд.
Сипас, намояндагони халқ ҳисоботи ҷонишини якуми сардори Садорати тараққиёти иқтисодӣ ва ихтисори камбизоатии вилоят Д. Шакарбоевро дар бораи натиҷаҳои мониторинги доимие, ки аз рӯйи баҳогузории рейтинги ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо бурда мешаванд ва ҳисоботи ҳокими ноҳияи Пайариқ Д. Мусиновро дар бораи иҷрои барномаи чораву тадбирҳои амалӣ оиди беҳбуди ҳолати ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мутобиқи нишондиҳандаҳои рейтинги баҳодиҳии дараҷаи ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ шуниданд.
Депутатҳо роҷеъ ба ҳисоботи сардори Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят И. Ҷабборов дар бораи сарфи дуруст ва самараноки маблағҳои буҷет, ки бо мақсади иҷрои Барномаи шуғл, инчунин барои ривоҷдиҳии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла субсидия ва грантҳои аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи давлатии кӯмак ба шуғли Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, инчунин дар бораи сарфи маблағҳои Хазинаи корҳои ҷамоатӣ саволҳои бисёр доданд. Чунки шуғли аҳолӣ, бахусус, бо кор таъмин кардани ҷавонон аз масъалаҳои муҳими рӯз аст.
Инчунин, ахбори ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои ривоҷи сайёҳӣ ва спорт Б. Нуруллоев дар бораи корҳое, ки аз рӯйи таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи объектҳои мероси маданӣ» иҷро карда мешаванд, аз тарафи депутатҳо баррасӣ гардид.
Дар анҷоми сессия бо назардошти пешниҳод ва фикрҳои роҷеъ ба ин ҳисоботҳо баённамудаи депутатҳо дар бораи масъалаҳои муҳокимашуда ва истифода аз маблағҳои «Хазинаи саховат ва кӯмак», ки дар назди Бунёди ҷамоатӣ-­хайриявии «Маҳалла» ташкил гардидааст, қарорҳо қабул шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ