Аввалин истгоҳи сайёҳӣ дар кишвар

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мақбул барои сайёҳон, таҳти ҳамкории ҳокимияти вилоят ва шаҳри Самарқанд, Садорати вилоятии рушди сайёҳӣ дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд истгоҳи сайёҳӣ таъсис ёфт.
Дар истгоҳи сайёҳӣ, ки аз ҷониби фирмаи сайёҳии «Shaxrizada Sam Star tur» ташкил карда шуд, ба меҳмонон дар бораи воситаҳои нақлиётӣ гид-­тарҷумонҳои соҳибихтисос, инчунин, меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо маълумоти ройгон дода мешавад. Сайёҳон аз он ҷо метавонанд ба таксӣ, гид-­тарҷумонҳо, меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо супориш диҳанд ва аз хизмати онҳо истифода баранд. Инчунин, имконияти истифодаи пейнет барои пардохт ва гирифтани SIM‑кортҳои махсус мавҷуд аст.
Дар маросими ифтитоҳи истгоҳ, ҷонишини сарвазир, раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ А. Абдуҳакимов қайд кард, ки ба ривоҷёбии туризм дар кишвар таваҷҷӯҳи хосса медиҳанд. Ӯзбекистон яке аз ду кишвар дар ҷаҳон аст, ки лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи сайёҳӣ, ҳатто дар ҳолати пандемия амалӣ мекунад.
– Ин оғози кори мо дар ин самт аст ва дар Самарқанд боз ду истгоҳи сайёҳӣ таъсис дода мешавад, – гуфт директори Садорати рушди сайёҳии вилоят Д. Нарзиқулов. – Истгоҳи аввалини сайёҳӣ асосан барои хидмат ба сайёҳони хориҷӣ ва сайёҳон аз дигар минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Истгоҳи сайёҳӣ, ки бояд ба сайёҳони маҳаллӣ хидмат кунад, дар атрофи мақбараи Амир Темур ҷойгир мешавад. Истгоҳи сеюми сайёҳӣ дар қаламрави расадхонаи Мирзо Улуғбек хоҳад буд. Дар айни замон пешниҳодҳо дар бораи ташкили ин истгоҳҳо омӯхта мешаванд.
Дар аввалин истгоҳи сайёҳӣ ба сайёҳон маълумот дар бораи агентиҳои сайёҳӣ, роҳҳо, меҳмонхонаҳо, ресторан ва ошхонаҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва ҷопонӣ дода мешавад.
– Мақсади мо фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аст, – мегӯяд масъули истгоҳи сайёҳӣ Обид Ҳакимов. – Ҳоло дар истгоҳ барои сайёҳон дар ташкили самарабахши сафар чор хатсайр пешниҳод карда мешавад. Самти аввал туризми зиёрат, дуввум ёдгориҳо ва обидаҳои таърихӣ, сеюм экотуризм, агротуризм, туризми кӯҳӣ ва ғайра, чорум сафарҳо ба марказҳои ҳунармандӣ ва ҳунарҳои миллиро дар бар мегирад. Вазифаи асосии ин таъмини бехатарии сайёҳон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барои журналистон ва блогерҳо дар самтҳои сайёҳӣ инфо-­тур ташкил карда шуд. Инчунин, ҷонишини сарвазир таъкид кард, ки Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки соли 2023 гузарониданаш ба нақша гирифта шудааст, мумкин аст дар Самарқанд ташкил гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ