Орзуҳое, ки бачаҳо дар вазъияти ғайриоддӣ карданд

Имрӯз барои 86 нафар бачаи хонаи меҳрубонии рақами 1-уми шаҳри Самарқанд воқеае рӯй дод, ки дар хотири онҳо як умр боқӣ хоҳад монд.
– Дар даври пандемия тарбиятгирандагони Хонаи меҳрубонии рақами 1-ум аз ҳавлии он қариб, ки ба берун набаромаданд, – гуфт тарбиячии ин муассисаи таълимӣ Мӯътабар Сувонова. – Ташаббуси маъмурияти аэропорти Самарқанд айни муддао шуд. Мо 7 нафар тарбиячиён ва онҳое, ки имрӯз ҳамроҳи мо буданд, шоҳиди ҳаяҷону хурсандии шогирдонамон шудем.
Тарбиятгирандагони хонаи меҳрубонӣ бо автобусҳои замонавӣ ба аэропорт омаданд ва бори аввал дар ҳаёти худ ба ин ҷо ҳамчун мусофире, ки бояд ба шаҳре парвоз кунад, ворид шуданд. Онҳо аз ҳамаи назоратҳое, ки мусофирҳо ҳангоми парвоз мегузаранд ва дар толори интизорӣ мунтазири самолёт мешаванд, гузаштанд. Кормандони ҳар як хизмат ба онҳо тартибу қоидаҳои парвозро мухтасар фаҳмонданд. Барои бачаҳо аҷиб буд, ки ҳеҷ як чиз аз назорати кормандони ин хизматҳо берун намемонадааст. Ҳатто ҷомадонро накушода, чизҳои дар дохили он бударо диданд.
Хурсандиовар он буд, ки бачаҳо шоҳиди фуруд омадани самолёт ва аз он баромадани мусофирон шуданд.
– Ҳангоми аксбардорӣ дурахши чашмони онҳоро дидам. Фаҳмидам, ки бачаҳо дар чунин рӯзи хотирмон дар дил орзуҳои нек мекунанд.
Бигузор на ҳамаи онҳо нияти лётчик ёки стюардесса, корманди аэропорт ёки гумрук шудан накардаанд, – гуфт директори аэропорт Мурод Ҷамолов. – Муҳим он аст, ки саёҳати одии имрӯза барои дар зиндагӣ ёфтани ҷойи худ ва бахтнок шудани онҳо заррае бошад ҳам мадад кунад.
Ҳамчунин, бачаҳо бо Мурод Ҷамолов акс гирифтанд.

Тошқул АЗИМЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ