Чингиз Айтматов дар бораи Ислом Каримов чӣ гуфта буд?

андешаҳои аҳли фарҳанг ва маърифат дар бораи аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Ислом Каримов асосгузори давлати мустақили Ӯзбекистон, арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсӣ, фарзанди соҳибобрӯйи халқ буд. Ӯ дар даври кӯтоҳи таърихӣ дар диёрамон тинҷиву осоиштаро таъмин намуд ва асоси давлати замонавии демократиро гузошт.
Инак, назари чанде аз намояндагони фаъоли ҷамоатиро дар бораи Ислом Каримов пешкаши муштариён менамоем.
Чингиз АЙТМАТОВ,
Нависандаи халқии Қирғизистон:

Вақте мехоҳӣ дар бораи касоне мисли Ислом Каримов ҳарф занӣ, наметавонӣ аз давр, аз ҳолатҳои бӯҳронӣ, ки манзараи имрӯзаанд, ҷудогона ибрози назар кунӣ.
… Ислом Каримов пешвои даври экстремалӣ аст. Мавқеи муносиб, арзишмандии таҷрибаи андӯхтаи ӯ ҳам маҳз дар ҳамин аст. Дар даври нопойдор ва пурошӯбе, ки баъди «азнавсозӣ» ба вуҷуд омад, ӯ тавонист фазои субот ва эътимодро дар ҷомеаи Ӯзбекистон фароҳам оварад. Дар назди мардуми худ мақсад ва вазифаҳои бузургеро гузошта тавонист, то ҳувият ва шаъну эътибори миллатро дарк намоянд.
Аҳмадҷон МЕЛИБОЕВ,
академик, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти»:

– Вақте Ислом Абдуғаниевич мегӯем, пеши назар образи як инсони ҷиддӣ, серталаб намоён мешавад. Дар асл он кас як инсони хушҳол буданд. Ислом ака ҳазлу мутоибаро дӯст медоштанд ва худашон низ гоҳо аския мегуфтанд. Аскияҳои гуфтаашон ҳам хеле пурмазмун буданд.
Бузургтарин кори Ислом Абдуғаниевич, ки дар таърих хоҳад монд, нигоҳ доштани ягонагии миллат аст. Вақте нерӯҳои беруна ният доштанд, ки ҷаҳонро ба полигонҳои хурд тақсим кунанд, нақшаи онҳо дар Ӯзбекистон амалӣ нашуд. Дар воқеаҳои Тошканд, Андиҷон ва Намангон мо кӯшишҳои ба гурӯҳҳо тақсим кардани мардумро мушоҳида кардем. Аммо Каримов барои пароканда шудани мардум роҳ надод.
Дар чунин як даври мураккаб, дар рӯзномаи «Известия» мақолае бо мазмуни Ӯзбекистон ба асри XVI бармегардад ва ҳама ҷойро садоҳои азон фаро гирифта, аз ҷаҳон канда мешавад, чоп гардид. Каримов дар ҷавоби он гуфтанд, ки «Мо як давлати бузурги кушод бунёд мекунем». Ӯзбекистон аз они ҳамаи мост», гуфтанд ва ин исботи худро ёфт.
Ёдгор САЪДИЕВ,
Артисти халқии Ӯзбекистон:

– Ислом Каримов дар маросими ифтитоҳи Майдони шаҳидон аз ман «Чаро ба «Шайтанат» воқеаҳои Фарғонаро ҳамроҳ накардед?» – гуфта пурсиданд. Сипас, дар бораи воқеаҳои Фарғона, ҳодисаҳои Бӯка, Паркент, шаҳраки донишҷӯён нақл карданд. Ислом ака воқеаҳоро бо факту далел чун як сенария ҳикоя карданд. Кадрҳо аз пеши чашмам чун навори филм мегузаштанд…
…Вақте ки Ислом ака механдиданд, тамоми ҷаҳон механдид. Инсони бениҳоят ҳассос буданд. Инсонҳои бузург хеле одӣ мешаванд. Вохӯриҳо бо Ислом Абдуғаниевич барои ман аҳамияти бузург доранд. Ҳамаи онҳо дар дили ман ҷой гирифтаанд…
Ислом ака барои равнақи Ватан ҷони худро фидо карданд.
Севара ТУРСУНОВА,
тележурналист:

– Ислом Абдуғаниевич аввалин буд. Аввалин шудан осон нест. Ин шабеҳи ҳаёти худро зери хатар гузошта, дар майдони минаҳо ҳаракат кардан мебошад. Ислом Абдуғаниевич ин майдонро тоза карда, барои мо боғи пургул гузошт… Ислом Каримов як инсони самимӣ буд, ки мардумро самимона дӯст медошт.
Ислом Абдуғаниевич ҳангоми сафар ба вилояти Фарғона ба як пахтазор рафтанд. Ба ӯ дар бораи ҳосил ва корҳои анҷомдода нақл менамуданд ва Ислом Абдуғаниевич ба дуродуре, ки панҷ-­шаш нафар бонувон кор мекарданд, нигоҳ карда, андешаманд меистод. Вай ба суханони роҳбари вилоят эътибор надода, ба тарафи занон ҳаракат кард ва ба онҳо даст афшонда, пеши худ даъват намуд. Занон бо ӯ вохӯрданд, Ислом ака ба дасти онҳо нигариста пурсид: «Ба дасти шумо чӣ шуд?». Дар чашмонашон ашк ҳалқа зада буд. Ман мушоҳида кардам, ки дидани ин ҳолат барои он кас то чӣ андоза душвор аст…
Пеш аз ҳар як сафари хориҷӣ ба вилоятҳо рафта, бо одамон вомехӯрданд. Вақте ки дар самолёт парвоз мекардем, доим «Сӯҳбат бо мардум ба ман қувват мебахшад. Вақте ки дар минбар меистам, пеши чашмам мардумамон, чеҳраи онҳо намоён мешавад. Ман аз номи халқ баромад кардани худро, онҳоро ҳимоя карданам ва барои онон ҳама корро иҷро намуданамро дарк менамоям», мегуфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ