Анъанаҳои ҳамсоягии дӯстона

Дар Самарқанди кӯҳан масҷид, каниса (синагога) ва калисоҳои православию католигӣ фаъолият доранд. Намояндагони беш аз сад миллат тинҷу осоишта зиндагӣ мекунанд. Ва ҳамаи ин дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эътибор ба якдигар ҷараён дорад, ки имрӯз бо як сухан – фарохдилӣ (толерантность) ном мегиранд.
Самарқанд дар таърих яке аз марказҳои асосии Роҳи бузурги абрешим буд. Савдогарони мамлакатҳои гуногун, ки ба забонҳои мухталиф ҳарф мезаданд, ҳамеша ба сӯйи ин шаҳр мешитофтанд. Вакилони халқҳои Чин ва Ҳиндистон, соҳилҳои дарёи Волга ва баҳри Миёназамин – ҳамаи онҳо сӯйи Самарқанд майл доштанд, ки дар ин ҷо на танҳо мубодилаи маҳсулот, балки дониш, муваффақиятҳои маданӣ ва таҷрибаи истеҳсолӣ низ рӯй медоданд.
Самарқанд маҳз барои он шаҳри маъруф шуд, ки дар ин ҷо таҷрибаи ҳаётии бузургеро, ки халқҳои Шарқ дар таърихи ҳазорсолаи худ андӯхтаанд, қадр мекунанд. Хушбахтона, ин анъанаи нек то имрӯз идома дорад. Дар Осиёи Марказӣ чунин шаҳри дуюме нест, ки ин қадар марказҳои миллии маданӣ тинҷу осоишта ҳамкорӣ кунанд. Чун дар асрҳои пешина дар сари як миз сарварони марказҳои миллии мадании араб, арман, немис, озарбойҷон, рус, тоҷик ва туркҳои вилоят мешинанд. Дар байни онҳо Маркази мадании рус, ки бисёр сол боз анъана ва маданияти русро нигоҳ медорад, мавқеи хос дорад.
Ин ҳангоми гузарондани идҳо, хонишҳои адабӣ ва арчаи солинавии бачаҳо намоён мешавад. Ташкил кардани шабнишиниҳо барои дӯстдорони мусиқии мумтоз ва консертҳои сурудҳои фронтӣ ба муносибати иди бузурги Ғалаба анъана шудааст.
Мо дар ташкили тадбирҳои маданӣ дар муассисаҳои таълимӣ, маҳалла ва хонаҳои меҳрубонӣ, – дар ҷойҳое, ки одамон мехоҳанд бо маданияти ғании рус ошно шаванд, иштирок мекунем. Дар ин корҳо хатмкунандаи факултети таърихи ДДС, роҳбари сектори мадании Маркази мадании русҳои вилоят Н. Тарганова ҳиссаи арзанда мегузорад. Мо фаъоли бо ҷӯшу хурӯши узви раёсат Т. Марченкоро қадр мекунем. Собиқадори маркази маданӣ И. Левенес бошад, барои бо тартиб бурдани ҳуҷҷатгузории марказ ғайрату қувваи худро дареғ намедорад.
Пандемия, ки сокинони вилояти мо низ онро аз сар гузаронданд, фаъолияти моро андак душвор кард. Баъди беҳтар шудани вазъият мо аз нав фаъолияти пурсамар бурда истодаем.

Вячеслав ЧЕРЕПАНОВ,
раиси Маркази мадании русҳо.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ