«Сиёҳнавис»-и сапед

Шоири боистеъдод ва тозагўи адабиёти рус Ника Турбина ки суханаш накҳати гулҳои баҳор ва ҳарорати офтоби ҷангалҳои диёри Русро дорад, ҳамагӣ 27 сол умр дид. Аммо дар ҳамин 27 сол бешубҳа сухани худро гуфт, иқдому ибтикоре, ки дар дилу дида ва шуураш мепарварид, огоҳона ва шояд бештар маврид ноогоҳона анҷом дод. Чаро ноогоҳона? Ба он хотир, ки ў ҳанўз камоли ҳунарӣ наёфта, ба ҷавҳари санъат ва эҷод нарасида дар бомдоди рўзгор рахт аз ҷаҳон баст. Аммо чӣ зебо рафт. Гўё чандин ашъори парешон, аммо самимиву пуротифа гуфта, бо таззоди масали «бо як гул ҳам баҳор мешавад», иктифо кард.
Ника Турбина 17-уми декабри соли 1974 дар мавзеи Ялтаи вилояти Қрим чашм ба олами ҳастӣ кушод. Модари ў – Мая Турбина яке аз рассомони маъруф ва бобояш Анатолий Никанорник нависандаи шинохтаи русанд.
Ника аз кўдакӣ гирифтори бемории зиққи нафас будааст ва аксари шабҳо хоб ба чашми ў меҳмон намешудааст. Айнан дар чунин шабҳо, ки ў ҳамагӣ чор сол дошт, ба модару модарбузургаш шеърҳо мегуфт ва хоҳиш мекард, ки онҳоро бинависанд. Айнан бо забони худ таъкид мекардааст, ки ҳарфу вожаҳоро ба гўши ў як мўйсафеди нуронии сапедришу сафедпираҳан мехондааст.
Вақте Ника Турбина ба синфи як рафт (соли 1981), истеъдоди фитрии ў зуд вирди забонҳо шуда, як даста шеърҳояш ба дасти Юлиана Семёнова расид ва номбурда онҳоро дар рўзномаи «Комсомолская правда» чоп кард. Соли 1984 нахустин маҷмўаи шеърҳояш бо номи «Черновик» («Сиёҳнавис») дар Москва, дар нашриёти «Молодая гвардия» чоп шуд. Ба маҷмўаи мазкур шоири маъруфи рус Евгений Евтушенко ба унвони «Шоири ҳаштсола» («Восьмилетний поэт») сарсухан навишта, минбаъд роҳнамову устоди аслии Ника Турбина гашт. Китоби «Сиёҳнавис» дере нагузашта ба 12 забони дунё тарҷума шуд ва хонандагони зиёд ёфт.
Ника дар синни даҳсолагӣ иштирокчии фестивали байналхалқии «Шоирон ва Замин» дар Венетсия буд ва дар ин чорабинии муҳташам ҷоизаи аввал – «Шери тиллоӣ»-ро сазовар гашт. Пас аз сарфарозию шуҳратёбӣ ба Амрико сафар кард. Азбаски саломатиаш хуб набуд, аз ташхиси табибони амрикоӣ гузашт ва онҳо ба оилаи Ника тавсеа доданд, ки ўро аз ташхиси рўҳӣ низ бигзаронанд.
Евгений Евтушенко ба ў шеъре армуғон намуда, аз ногаҳонӣ ва пинҳонӣ болиғ шудани кўдакон ҳарф мезанад ва таъкид мекунад, ки чунин сурат гирифтани раванди балоғат ба онҳо ғаму андўҳи фаровон меорад. Номбурда соли 1983 барои беҳтаршавии аҳволи рўҳӣ Никаро ба филми «Детский сад» («Боғчаи кўдакон») даъват кард. Минбаъд 15-сола буд, ки дар филми «Это было в моря» («Ин дар баҳрҳо воқеъ шуда буд») нақш офарид ва авзои рўҳиаш маҳз пас аз навори ҳамин филм тадриҷан бад шуд. Зеро ин филм дар бораи кўдакони маъюби интернат нақл мекард ва шикастурехти ахлоқии он муҳитро намоиш медод.
Аллакай шоири овозадор Ника Турбина назди мардум ва маҳфилу маҷлисҳо шеърҳои тоза намехонд ва дар соли 1990 ҳолаш боз ҳам бадтар шудан гирифт. Барои табобат ба Шветсария рафт, он ҷо дар 16-солагӣ бо табиби рўҳшиноси худ оила барпо кард. Бо сабабҳои ба худаш маълум, боз ба Русия омад, ба Донишкадаи фарҳанги Москва шомил шуд, баъди чанде хонданро тарк гуфт ва боз даҳҳо хараҷу мараҷҳои рўзгор, фишорҳои рўҳӣ, пурсишҳои бепоёни мухлисону рўзноманигорон, бемории тўлонӣ ўро фурў бурд ва соли 2002 ҷон ба ҷонофарин супурд.
Бо вуҷуди ин ҳама, дар шеърҳои Ника Турбина рўҳи саршор аз зебоӣ, ғурур, одамият ва меҳру отифаи як бонуи соҳибдил, як шахсияти нотакрор ҳувайдост ва моро бовар мекунонад, ки «Сиёҳнавис»-аш сапедии дил, рўшании синаи осмон ва атри сапедаро дорад.

Ба модаркалонам

Ғаму дардат кунам пора,
Ба ту гулдастае созам.
Ҳамон қадре тавонистам,
Ба ту иншо кунам розам:
Зи субҳи поку нилобӣ
Зи булбулҳои фасли гул…
Ғаму дардат кунам пора,
Вале ҳоло намедонам,
Чаро дар кулбаат монам,
Диламро мефишорад ғам?
Зи бомат то ба ҳавлият,
Раҳи ғамро кунам пора,
Вале гулдаста ово зад –
Ки гул мурда дар ин хона…
Ғаму дардат кунам пора,
Ба хушбахтӣ расӣ ё на?

Тарҷима ва сарсухани Бузургмеҳри БАҲОДУР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ