«Куллиёт»-и нави Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд ба чоп мерасад

Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Куллиёт»-и асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар 22 ҷилд таҳия ва ба чоп мерасад.
Дар ин бораи АМИТ “Ховар” бо истинод ба маълумоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ 10 ҷилди осор алаккай барои чоп ба нашриёт супурда шудааст. Ҷилдҳои боқимондаи он низ рӯзҳои наздик барои чоп ирсол мегарданд.
Ба «Куллиёт»-и нав бахшҳое, ки ба тақозои сиёсати давр дар китоби пештара ворид нашуда буданд, илова гардида, ду ҷилди охири он осори ба забони ӯзбекӣ таҳияшудаи нависандаро дар бар мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ