Маҳмудхоҷа БЕҲБУДӢ: «МАТБУОТИ ҲАҚИҚӢ ОН АСТ, КИ РӮЙИ ХОТИРИ КАСЕ НАКУНАД»

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1875-1919) аз ҷумлаи чеҳраҳои мондагор буд, ки ҳамчун яке аз саромадони матбуоти тоҷику ӯзбек дар ташаккули бевоситаи публитсистикаи тоҷику ӯзбек нақши сазоворе гузоштааст. Падидаи тозаи адабӣ-маънавии халқи тоҷик дар оғози қарни ХХ таъсиси матбуоти тоҷик ва ҳамзамон дузабона мебошад, ки ҳамчун дастгоҳи нерӯманди иттилоотӣ дар инъикоси ҳаводиси тоза ва таблиғоти фикрӣ, дар бозтоби масоили умдаи адабӣ, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1913 нашрияи “Самарқанд” ва баъдан маҷаллаи “Ойина”-ро таъсис намуд, ки пеш аз ҳама ба рушду ташаккули афкори омма ва вусъати ниёзҳои маънавии халқ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Баҳори соли 1913 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ нашри рӯзномаи «Самарқанд»-ро оғоз намуд. Ин нашрия чун минбари баёни афкору ғояҳои пешрави равшангарон дар як муддати кӯтоҳ миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Равшангарону адибони маърифатпарвар низ нашри ин рӯзномаро хуш истиқбол гирифтанд.
Дар нашрия бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ маводҳои пурарзише дарҷ гардидаанд, ки дар бозгӯии масоили умдаи ҷомеаи он давр аҳамияти хос доранд. Бино ба гуфтаи Беҳбудӣ «матбуоти ҳақиқӣ он аст, ки рӯи хотири касе накунад». Аҳли эҷоди рӯзнома аз рӯи ин гуфтаҳо амал намуданд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар бештари навиштаҳояш иллатҳои рушд накардани ҷомеаро баён намуда, ҳамзамон роҳҳои ҳалли муамморо нишон медиҳад. Ба андешаи ӯ уламо ва сарватмандон яке аз омилҳои рушди ҷомеа мебошанд. Рушди ҷомеа ба гуфтаи Беҳбудӣ аз ҳиммату ғайрати онҳо сахт вобаста аст.
«Бояд сарватмандон барои дар рӯҳияи замона тарбият ёфтани миллат, каме маблағ сарф намоянд, чунончӣ мактабҳои усули навро барпо намоянд. Баҳри таълими насли навраси миллат, ки дар мактабҳои миёна ва олии ҳукумат таҳсил менамоянд талошу ҷадал намуда, кӯмаки хешро дареғ надоранд». Беҳбудӣ дар боби кӯмаки тоҷирону сарватмандон ҳарф зада, бо ҳисси тааҷҷуб ва ҳайрат аз саховатмандии тоҷирони кишварҳои хориҷа ёдовар мешавад. Ба гуфтаи ӯ «дар Туркистони мо ҳанӯз навбати ин корҳо наомадааст. Ҳар кас пайи нафъи хеш ва корҳои шахсии хеш саргардон аст».
Рушду пешрафти кишварҳои хориҷиро Беҳбудӣ аз баракати илму дониш дониста, аз набудани илму дониш дар ҷомеа ёдовар шуда мегӯяд: «Дар ҷомеаи имрӯза беилмӣ он қадар зиёд шудааст. Мо мусулмонем, илм лозим асту амал. Хондан лозим, барои чӣ дар миллатҳои дигар аз сад нафар як нафар бесавод нест. Дар мо бошад, аз сад нафар як саводнок нест? Наврасони миллатҳои дигар дар мактаб ҳастанд, лекин аз они мо дар ҳаммолию гадоианд».
Ислоҳи мактабу мадрасаҳоро муҳим арзёбӣ намуда, Беҳбудӣ чунин мегӯяд, ки «агар имрӯз ба ислоҳи мактабу мадраса, яъне ислоҳи ҷомеа кӯшиш нанамоем, фардо дер хоҳад шуд». Дар ин нигошта, омӯзиши илму фанни замонавӣ ва динӣ тарғиб гардида, то ин ки омма ба қадру қимати илму дониш бирасанд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар ҳар навиштаи хеш ҳаводис ва мушкилоту муаммои ҷомеаро ба таври воқеӣ мунъакис намуда, дар ин замина андешаҳои ҷолиби хешро баён намудааст. Ба андешаи ӯ, таълими илму дониши замонавӣ дар мактабҳо миллатро аз бесаводӣ, бемаънавиятӣ ва нестӣ раҳоӣ мебахшад. Вазъи ногувори таълиму тадрис ӯро водор кардааст, ки мактабҳои кишварро бо макотиби хориҷӣ қиёс кунад: «Ба миллатҳои дигар нигоҳ кунед, бубинед, мактабҳои мунтазам доранд ва дар мактабҳо дар қатори илмҳои динӣ илму фанни дунявӣ лозим аст. Миллатҳое, ки аз илму фанни замона бебаҳраанд, поймоли миллатҳои дигар мегарданд». (“Самарқанд” – №31.30.07.1913).
Дар ин навишта саҳми сарватмандони замон, аз хайру саховатмандӣ ва амалҳои шоистаи бойҳои кишварҳои хориҷа ба аҳли ҷомеа ёдоварӣ шудааст. Ба гуфтаи Беҳбудӣ, онҳо барои аҳли ҷомеаашон мактабу донишгоҳҳо, барои ятимон идрорпулӣ (стипендия – А.А.), барои занон донишгоҳ бунёд намуданд ва бо ин фахр мекунанд.
«Аммо сарватмандони мо, бо ҷуфти аспу ароба, тӯй ва ҳоли зори ҷомеа фахр мекунанд. Ҳатто, баъзе бойҳо фарзандонашонро нахонондаанд. Ин раванд оқибати бад дорад. Хондан ва хонондан лозим. Ба фарзандон аз падарон илми динӣ ва замонавӣ бояд мерос монад».

Беҳбудӣ чун фарди огоҳ аз омӯзаҳои мутафаккирони Шарқу Fарб пеш аз ҳама ба моҳияти зиндагии инсон рӯй меорад. Ӯ талаб менамояд, ки бояд дар зиндагӣ зидди бесаводӣ, бемаънавиятӣ, беилмӣ, фитнаю кина ва падидаҳои номатлуби дигар мубориза бурд ва пайваста баҳри қонеъ гардонидани талаботу ниёзи худ дар талош бояд буд.
Масъалаи мактаб ва ислоҳи он аз зумраи он мавзӯъҳои доимии нашрия ба шумор меравад. Дар рӯзнома нигоштаҳои зиёде дар ин бобат нашр гардидаанд, ки таҷдиди усули таълимро дар мактабу мадорис амри зарурӣ мешуморанд. Чунончӣ, дар нигоштаи “Лозими мактаб дар Бухоро” муаллиф аз зиёд будани мактаб дар ин шаҳр ёдовар шуда, мегӯяд: “Агарчӣ ҳеҷ шаҳре аз шаҳрҳои Туркистон баробари Бухоро макотиби ибтидоӣ ва мадорис надорад, вале афсӯс, ки аз касрати макотиб ва мадорис манфиат ба ҳоли миллат нест».
Вазъу ҳоли ногувори мактабҳоро Мирзо Сироҷ тасвир намуда, ботаассуф нодуруст будани раванди таълиму тарбияро дар онҳо зикр менамояд. Бино ба гуфти ӯ, ин мактабҳо ба ҷуз манбаи вақтгузаронии толибилмон буда, дигар самаре надоранд.
“Дар ин мактабҳо даҳ сол атфол бидуни таътили сайф… аз субҳ то ғуруби офтоб машғули фарёд ва фиғон буда, чун шахси моргазида бояд печу тоб бихӯрад. Тифлаки бечора чӣ машаққатҳое, ки намекашад ва чӣ садамаҳое, ки аз дасти муаллимини бесавод намебинад. Аз як тараф касиф будани мактаб, аз тарафи дигар зарби чӯб ва шалоқи муаллим кӯдаки мазлумро ба ҳазор гуна амроз гирифтор намуда, беҳис намуда, ба бадахлоқӣ дучор менамояд”. (“Самарқанд”, — №26,12.07.1913).
Қаҳрамони навишта «Шиква аз замон» мағлубияти хешро иқрор шуда, таъсири афкори равшангарони даврро ба аҳли ҷомеа таъкид менамояд. Дар навишта аз ҷадидҳо муаллиф шикоят мекунад, инчунин ба бесаводии мударрис иқрор мешавад. Муаллиф аз таъсири афкори равшангарон ба ҷомеа ёд намуда, мегӯяд: «Имрӯз ин бадбахтҳо эътиқоди мардумро чунон хароб кардаанд, ки дар ҳеҷ ҷой наметавонем ду калима ба нафъи худ ҳарф бизанем. Ҳамин, ки даҳонатро кушодӣ, аз Қуръон далел мехоҳанд. Ман куҷо? Аз Қуръон далел овардан куҷо? Бист сол дар кунҷи мадрасаҳо хок лесида, ҳанӯз як саҳифа китоби форсиро дуруст ва беғалат хонда наметавонам. Куҷо монда, ки Қуръони арабиро хонда тафсир кунам?» (Самарқанд, – № 34,9.08. 1913).
Дар ин мақола равшангарон ва афкори онҳо боиси касод шудани бозори муфтхӯрияш дониста шудааст. Бо шикоят аз замона муаллиф чунин навиштааст: “Эй Худо, аз дасти ин замонаи ғаддор куҷо гурезем ва ба кӣ паноҳ барем?…. Хулоса, бозорам касод ва арзҳоям фасод шуда, аз муфтхурӣ ва раёсатталабӣ маҳрум гардидаам. Танҳо ин Боғишамол солим ва холӣ аз ин мактаб буд, онро ҳам чанд нафар ҷадидҳо зоҳир шуда, вайрон ва аҳолияшонро хароб намуданд». (Самарқанд – №34,9.08.1913).
Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки таҳқиқу баррасии нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар таҳқиқи афкори мавсуф ва шинохти омӯзаҳои маорифпарварон метавонад хидмати назаррасе намояд. Ҳамзамон нашрияҳои Беҳбудӣ дар шинохти таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ, тадқиқи ҳаводис ва авзои иҷтимоию сиёсии ҷомеаи он рӯз заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Абдуқодири АБДУРАУФ,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ