Муҳлати маҳдудияти воридшавӣ ба Ӯзбекистон то март давом медиҳад


Ӯзбекистон чанде пеш барои таъмини вазъияти барқарори эпидемиологӣбо Британияи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ парвозҳои дуҷонибаро то 1 феврал қатъ карда буд. Дар ин бора вазорати тандурустӣ хабард дод.
Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти имрӯзаи эпидемиологии ин кишварҳо, комиссияи махсуси ҷумҳурӣ маҳдудияти воридшавии хориҷиёнро то 1 март дароз кард.
Ёдовар мешавем, шахсоне, ки дар 14 рӯзи охир дар кишварҳои номбурда буданд, то ба поён расидани муҳлати маҳдудият ба Ӯзбекистон ворид намешаванд.
Нафароне, ки 14 рӯзи охирро дар кишварҳои номбурда сипарӣ карданд, вале, аз тариқи кишварҳои дигар ба Ӯзбекистон омаданд, ду ҳафта дар карантин менишинанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ