Собиқ ситораи «Реал» ба Тошканд омаданаш мумкин


Дар ҷамъомади Кумитаи олимпии миллии Ӯзбекистон масъалаи ташрифи футболбози машҳури испанӣ Фернандо Морентес ба Тошканд низ муҳокима гардид. Дар ин бора хизмати матбуоти кумита хабар додааст. Ф. Морентес на танҳо футболбози шинохтаи Испания, балки футболбози шинохтаи футболи ҷаҳонӣ аст. Ӯ дар солҳои гуногун шарафи клубҳои «Реал», «Ливерпул», «Монако»-ро моҳирона ҳимоя кардааст. Ташрифи собиқ ситораи футболро клуби «Оқтеппа» ва канали телевизиони «UzReport TV» ташкил мекунанд. Ф.Морентес моҳи оянда ба Тошканд ташриф фармуданаш мумкин.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ