Бори нахуст дар ҷаҳон дар як ҳафта беш аз 100 ҳазор қурбони коронавирус шуданд


Дар ҳафтаи гузашта дар саросари ҷаҳон сирояти коронавирус каме коҳиш ёфт, вале, марг бар асари ин вирус афзоиш ёфт: нахустин бор дар якҳафта беш аз 100 ҳазор нафар қурбони Covid-19 шуданд. Дар ин бора «Korrespondent.net» хабар дод.
Ҳамчунин, дар ин ҳафта 3,98 миллион нафар мубталои корнавирус шуданд, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта 10 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Дар ҳафтаи сипаришуда шумори умумии мубталоёни коронавирус беш аз 100 миллион нафар гардид. Бо ин ҳол, аз ҳар 75 нафар аҳолии рӯи замин яке мубталои коронавирус шуд.
То ҳол беш аз 73 миллион нафар шифо ёфта ва тақрибан 26 миллион нафар муолиҷаро идома медиҳанд. Аммо ин маълумоти дақиқ нест. Бархе аз кишварҳо омори расмиро дигар эълон намекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ